وَهُوَ ٱلَّذِى مَدَّ ٱلْأَرْضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِىَ وَأَنْهَـٰرًۭا ۖ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ جَعَلَ فِيهَا زَوْجَيْنِ ٱثْنَيْنِ ۖ يُغْشِى ٱلَّيْلَ ٱلنَّهَارَ ۚ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَـٰتٍۢ لِّقَوْمٍۢ يَتَفَكَّرُونَ ٣
Ва Ҳува-л-лазӣ мадда-л-арЗа ва ҷаъала фӣҳа равасия ва анҳара. Ва мин кулли-с-самароти ҷаъала фӣҳа завҷайн-иснаян. Юғши-л-лайла-н-наҳар. Инна фӣ залика ла айати-л ли қавми-я ятафаккарун.
Ва Ӯ Зотест, ки Заминро густуронид ва дар он кӯҳҳо ва наҳрҳоро офарид ва аз ҳар ҷинси меваҳо дар Замин ду синф биёфарид, шабро ба рӯз мепӯшонад, ҳаройина, дар ин (мисолҳо) қавмеро, ки тафаккур мекунанд, нишонаҳост.
13:3