يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلشَّهْرِ ٱلْحَرَامِ قِتَالٍۢ فِيهِ ۖ قُلْ قِتَالٌۭ فِيهِ كَبِيرٌۭ ۖ وَصَدٌّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَكُفْرٌۢ بِهِۦ وَٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ وَإِخْرَاجُ أَهْلِهِۦ مِنْهُ أَكْبَرُ عِندَ ٱللَّهِ ۚ وَٱلْفِتْنَةُ أَكْبَرُ مِنَ ٱلْقَتْلِ ۗ وَلَا يَزَالُونَ يُقَـٰتِلُونَكُمْ حَتَّىٰ يَرُدُّوكُمْ عَن دِينِكُمْ إِنِ ٱسْتَطَـٰعُوا۟ ۚ وَمَن يَرْتَدِدْ مِنكُمْ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتْ وَهُوَ كَافِرٌۭ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ حَبِطَتْ أَعْمَـٰلُهُمْ فِى ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةِ ۖ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ ٢١٧
Яс-алунака ъани-ш-шаҳри-л-ҳароми қитолин фиҳи қул қитолун фиҳи кабир. Ва саддун ъан сабилиллоҳи ва куфрум биҳо ва-л-Масҷиди-л-ҳароми ва ихроҷу аҳлиҳо минҳу акбару ъиндаллоҳ. Вал фитнату акбару мина-л-қатл. Ва ло язолуна юқотилунакум ҳатто яруддукум ъан диникум инистатоъу. Ва ма-й яртадид минкум ъан диниҳи фа ямут ва ҳува кофирун фа улаика ҳабитат аъмолуҳум фи-д-дунйо ва-л-охираҳ. Ва улаика асҳобу-н-нори ҳум фиҳо холидун.
Туро аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром савол мекунанд, бигӯ: «Ҷанг кардан дар он (моҳ) гуноҳи сахт аст, вале боздоштан аз роҳи Аллоҳ ва нагаравидан ба Аллоҳ ва боздоштан (-и мардум) аз Масҷиду-л-ҳаром ва аҳли ин масҷидро берун кардан назди Аллоҳ аз вай гуноҳи сахттар аст ва (гуноҳи) фитна ангехтан низ аз куштан сахттар аст ва онҳо ҳамеша бо шумо ҷанг мекунанд, то он ки шуморо аз динатон, агар тавонанд, бозгардонанд. Ва ҳар кӣ аз шумо аз дини худ баргардад, пас, бимирад ва ҳол он ки ӯ кофир аст, пас, корҳои неки онҳо дар дунё ва охират нобуд (ҳабата) шавад. Ва он гурӯҳ бошандагони Дӯзаханд, онон дар он ҷо ҷовидон бошанд.
2:217