وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌۭ وِزْرَ أُخْرَىٰ ۚ وَإِن تَدْعُ مُثْقَلَةٌ إِلَىٰ حِمْلِهَا لَا يُحْمَلْ مِنْهُ شَىْءٌۭ وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰٓ ۗ إِنَّمَا تُنذِرُ ٱلَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِٱلْغَيْبِ وَأَقَامُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ ۚ وَمَن تَزَكَّىٰ فَإِنَّمَا يَتَزَكَّىٰ لِنَفْسِهِۦ ۚ وَإِلَى ٱللَّهِ ٱلْمَصِيرُ ١٨
Ва ла тазиру вазирату-в визра ухра. Ва ин тадъу мусқалатун ила ҳимлиҳа ла юҳмал минҳу шай-ув ва лав кана за Қурба. Иннама тунзиру-л-лазӣна яхшавна Раббаҳум би-л-ғайби ва ақому-с-салаҳ. Ва ман тазакка фа иннама ятазакка ли нафсиҳ. Ва илаллоҳи-л-масӣр.
Ҳеҷ бардоранда, бори гуноҳи дигареро барнамедорад ва агар касе, ки бораш гарон аст, касеро ба ёрӣ ба сӯи бори хеш бихонад, аз он бор чизе бардошта натавонад, агарчи он кас хешованд бошад, ҷуз ин нест, ки ононро бим мекунӣ, ки аз Парвардигори хеш ғоибона метарсанд ва намозро барпо медоранд. Ва ҳар кас (аз гуноҳ) пок шуд, пас, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш пок мешавад. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Худост.
35:18