Quran.tjGet it on Google Play
4

Нисо

Ҷуз 5Саҳифа 87
۞ إِنَّ ٱللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَن تُؤَدُّوا۟ ٱلْأَمَـٰنَـٰتِ إِلَىٰٓ أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُم بَيْنَ ٱلنَّاسِ أَن تَحْكُمُوا۟ بِٱلْعَدْلِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُم بِهِۦٓ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ سَمِيعًۢا بَصِيرًۭا ۝٥٨
Инналлоҳа яъмурукум ан туадду-л-амоноти ила аҳлиҳо ва изо ҳакамтум байна-н-носи ан таҳкуму би-л-ъадл. Инналлоҳа ниъиммо яъизукум биҳ. Инналлоҳа кона Самиъан Басиро.
Аллоҳтаъоло зимни ин оят тамоми мардумро амр мекунад, ки касе, ки набошад, тамоми навъи амонатро дар вақте, ки лозим аст, бояд ба соҳибаш расонад. Навъи амонат бисёр аст. Ҳоло, мутаассифона, ба ғайри чизеро назди касе амонат мондан, дигар амонатҳо дар мафкураи мардум маънои худро гум кардаанд. Аз он ҷумла ҳаққе, ки Аллоҳ бар бандагони худ мисли намоз, рӯза, закот, ҳаҷҷ, назр, кафорат, ҳалол, ҳаром ва ғайра дорад, ҳамаи ин амонат аст. Инчунин муомилае, ки байни бандагон мисли вадиъату орият, тиҷорату зироат, музорабаву ширкат, кафолату ваколат ва ғайра ҳамаи ин низ амонат аст, бояд ба соҳибашон расонида шаванд. Ҳатто Расулуллоҳ (с) бо ривояти Имом Аҳмад гуфтаанд: “Адо кунед амонатро ба сӯи шахсе, ки ӯ ба шумо амонат гузоштааст. Ва хиёнат накунед шахсеро, ки ӯ ба шумо хиёнат кардааст.” Сухани Расулуллоҳ ба таври умум ҷамии амонатҳои воҷиба ва ғайраро шомил аст. Дар дигар ҳадиси Расулуллоҳ (с) омадааст, ки “Шахсе ба ту суханеро гӯяду дарҳол ба атроф назар андозад, дон, ки он сухан барои шумо амонат монда шудааст.”
4:58
Сураи пурраИдома додан

Танзимоти намоиш

Аудио ва тарҷума
Забони тарҷума
Абуаломуддин (бо тафсир)
Қори
Қорӣ
Намоиш
Aa
Намоиши транслитератсия
Намоиши тафсир
Ҳолати калима ба калима
Андозаи матн
Aa
Андозаи матни Қуръон
16px
1224

Захираҳо

Захираҳо нест