أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ نَتَقَبَّلُ عَنْهُمْ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا۟ وَنَتَجَاوَزُ عَن سَيِّـَٔاتِهِمْ فِىٓ أَصْحَـٰبِ ٱلْجَنَّةِ ۖ وَعْدَ ٱلصِّدْقِ ٱلَّذِى كَانُوا۟ يُوعَدُونَ ١٦
Улаика-л лазӣна натақаббалу ъанҳум аҳсана ма ъамилу ва натаҷавазу ъан саййиатиҳим фи асҳаби-л-Ҷаннаҳ. Ваъда-с-сидқи-л-лазӣ кану йуъадун.
Он ҷамоъат ононеанд, ки Мо аз онҳо некӯтарин аъмоли онҳоро қабул мекунем ва аз бадиҳои онҳо дармегузарем (ин ҷамоъат) дар аҳли биҳиштиён дохиланд, он чӣ ба онҳо ваъда дода мешуд, ваъдаи рости Аллоҳ аст.
46:16