وَمَا قَدَرُوا۟ ٱللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِۦٓ إِذْ قَالُوا۟ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ بَشَرٍۢ مِّن شَىْءٍۢ ۗ قُلْ مَنْ أَنزَلَ ٱلْكِتَـٰبَ ٱلَّذِى جَآءَ بِهِۦ مُوسَىٰ نُورًۭا وَهُدًۭى لِّلنَّاسِ ۖ تَجْعَلُونَهُۥ قَرَاطِيسَ تُبْدُونَهَا وَتُخْفُونَ كَثِيرًۭا ۖ وَعُلِّمْتُم مَّا لَمْ تَعْلَمُوٓا۟ أَنتُمْ وَلَآ ءَابَآؤُكُمْ ۖ قُلِ ٱللَّهُ ۖ ثُمَّ ذَرْهُمْ فِى خَوْضِهِمْ يَلْعَبُونَ ٩١
Ва ма қадаруллоҳа ҳаққа қадриҳи из қолу ма анзалалллоҳу ъала башари-м мин шайъ. Қул ман анзала-л-китаба-л-лазӣ ҷаа биҳӣ Муса нура-в ва ҳуда-л ли-н-нас. Таҷъалунаҳу қаротӣса тубдунаҳа ва тухфуна касӣро. Ва ъуллимтум-м ма лам таъламу антум ва ла абаукум. Қулиллаҳу сумма зарҳум фӣ хавЗиҳим ялъабун.
Ва Аллоҳро, чуноне ки сазовори таъзим буд, таъзим накарданду гуфтанд: «Аллоҳ бар ҳеҷ одамӣ чизе нафиристодааст». Бигӯ: «Кӣ фурӯ фиристод Китоберо, ки Мӯсо барои мардум ҳамчу нур ва ҳидоят овард, ки онро варақ варақ мегардонед, (баъзе аз онро) ошкор мекунед ва бисёре аз онро пинҳон мекунед? Ва он чиро омӯхта шудед, ки на шумо медонистед ва на падарони шумо?». Бигӯ: «Аллоҳ фуруд овард!» Сипас, онҳоро бигзор дар баҳсҳои фурӯтари (ботили) худ бо хушӣ бозӣ кунанд.
6:91