وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوْ قَالَ أُوحِىَ إِلَىَّ وَلَمْ يُوحَ إِلَيْهِ شَىْءٌۭ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثْلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ ۗ وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّـٰلِمُونَ فِى غَمَرَٰتِ ٱلْمَوْتِ وَٱلْمَلَـٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓا۟ أَيْدِيهِمْ أَخْرِجُوٓا۟ أَنفُسَكُمُ ۖ ٱلْيَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ ٱلْهُونِ بِمَا كُنتُمْ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيْرَ ٱلْحَقِّ وَكُنتُمْ عَنْ ءَايَـٰتِهِۦ تَسْتَكْبِرُونَ ٩٣
Ва ман азламу мим ман-ифтаро ъалаллоҳи казибан ав қола уҳия илайя ва лам йуҳа илайҳи шай-у-в ва ман қола саунзилу мисла ма анзалаллоҳ. Ва лав тара изи-з-золимуна фӣ ғамароти-л-мавти ва-л-малаикату баситу айдӣҳим ахриҷу анфусакум. Ал-явма туҷзавна ъазаба-л-ҳуни би ма кунтум тақулуна ъалаллоҳи ғайра-л-ҳаққи ва кунтум ъан айатиҳӣ тастакбирун.
Ва кист ситамгортар аз касе, ки бар Аллоҳ дурӯғеро барбаст ё гуфт: «Бар ман ваҳй фиристода шудааст» ва ҳол он ки бар вай ҳеҷ чиз ваҳй фиристода нашудааст? Ва кист золимтар аз касе ки гуфт: «Зуд бошад, ки нозил гардонам монанди он чӣ Худо нозил гардонидааст? Ва агар бошанд, ки дар вақти сакароти марг ту ҳоли золимонро бубинӣ (тааҷҷуб мекунӣ), фариштагон дастҳои худро кушодаанду мегӯянд: «Берун оред рӯҳҳои худро!». Имрӯз ба сабаби он чӣ бар Аллоҳ ноҳақ мегуфтед ва будед, ки аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед, ба азоби хоркунанда ҷазо дода хоҳед шуд.
6:93