فَإِذَا بَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمْسِكُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍ أَوْ فَارِقُوهُنَّ بِمَعْرُوفٍۢ وَأَشْهِدُوا۟ ذَوَىْ عَدْلٍۢ مِّنكُمْ وَأَقِيمُوا۟ ٱلشَّهَـٰدَةَ لِلَّهِ ۚ ذَٰلِكُمْ يُوعَظُ بِهِۦ مَن كَانَ يُؤْمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْـَٔاخِرِ ۚ وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجْعَل لَّهُۥ مَخْرَجًۭا ٢
Фа иза балағна аҷалаҳунна фа амсикуҳунна би маъруфин ав фариқуҳунна би маъруфи-в ва ашҳиду зава-й ъадли-м минкум ва ақӣму-ш-шаҳадата лиллаҳ. заликум йуъазу биҳӣ ман кана юъмину биллаҳи ва-л явми-л-ахир. Ва ма-й яттақиллоҳа яҷъал лаҳу махраҷа.
Пас, чун иддаи занон ба меъоди худ бирасад, пас, онҳоро бар ваҷҳи писандида нигоҳ доред ё бар ваҷҳи писандида онҳоро ҷудо кунед ва аз байни худатон ду соҳибони адлро шоҳид бигиред ва барои Худо шаҳодатро росту дуруст адо кунед. Ба ин ҳукм касеро панд дода мешавад, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи охират имон дорад. Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ халосгоҳе падид орад.
65:2