Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
54

Ал-Ғаффор

الْغَفَّارُ

Оне, ки аз бадии гуноҳҳо нигоҳ медорад.

Ал-Ғафур – Бахшадандаи гуноҳҳои бузург. Дар Қуръони карим 91 маротиба зикр шудааст.

Ал-Ғаффор – Бахшандаи гуноҳҳои бисёр, бисёр омурзанда. Дар Қуръон 5 маротиба зикр шудааст.

Аллоҳ таоло дар сураи Зумар, ояти 53 мефармояд:

«Бигӯ: Эй бандагоне, ки гуноҳҳои хело бисёр кардед, аз раҳмати Аллоҳ ноумед нашавед, албатта Аллоҳ ҳамаи гуноҳҳоро мебахшад, албатта Ӯ бисёр бахшанда ва меҳрубон аст».

Ҳар қадар гуноҳ бисёру бузург бошад, мағфирати Аллоҳ бузургтар аст. Дар сунани Тирмизӣ дар ҳадиси қудсӣ омадааст, ки Аллоҳ таоло гуфт :

«Эй фарзанди Одам! Агар гуноҳҳои ту ба лаби осмон бирасад, (яъне аз замин то осмон пур шавад), сипас ту аз ман истиғфор пурсӣ, албатта ман гуноҳи туро мебахшам ва парво намекунам».

«Эй фарзанди Одам! Агар ту рӯзи қиёмат ба назди ман бо гуноҳҳое биёӣ, ки заминро пур карда бошад, вале ба ман чизеро шарик наоварда бошӣ, ман ба ивази як замин гуноҳат мағфират мекунам».

Аллоҳ таоло аз васегии карамаш гуноҳро ба ҳасанот табдил медиҳад. На танҳо гуноҳҳоро мебахшад, балки ба савоб мубаддал мекунад.

Барои мусалмон ҷоиз нест, ки ба баҳонаи он, ки Аллоҳ Ғафур аст, ба гуноҳ сабукӣ кунад.

Ба хурдии гуноҳ нигоҳ накун! Балки ба азамату ҷалолати он зоте, ки гуноҳ мекунӣ, нигоҳ кун!

Истиғфор бисёр амали бузург буда, дорои натиҷаҳои хеле азим аст. Касе истиғфори бисёр мегӯяд, гуноҳҳояш бахшида мешаванд. Агар бемор бошад, шифо ва қувват мешавад. Аллоҳ ризқи истиғфоргӯяндаро васеъ мекунад. Ҳатто дар сураи Нуҳ борони фаровону сарвату фарзандон ва боғҳову дарёҳо ваъда кардааст.

Ҳар мусибате, ки ба саратон омад, илоҷи он дар истиғфор аст.

Ҳатто вақте фаҳми ягон масъалаи шаръӣ барои Шайхулислом раҳматуллоҳи алайҳ мушкил мешуд, ҳазор маротиба ё камтар ё зиёдтар «Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ» мегуфтанд, ҳар масъала барояшон равшан мешуд.

Дар ҳадис омадааст:

«Паёмбар ﷺ дар як маҷлис зиёда аз ҳафтод маротиба истиғфор мекарданд». Ҳар маҷлис яъне ҳар нишаст.

Пас барои худ истиғфорро лозим гиред, бурди бисёр мекунед. Хусусан истғфор саҳаргоҳон, яъне пеш аз азони бомдод фазилати бузург дорад.

Номҳои Абдулғафур ва Абдулғаффор аз ҷумлаи номҳои нек ба ҳисоб мераванд.

Инчунин Ғаффор ҷоиз аст. Аммо баъзе олимон гузоштани номи Ғафурро манъ кардаанд.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 20:82📖 38:66📖 39:5📖 40:42📖 71:10
54 / 99