← Бозгашт
18px
66
Ал-Мутаъол
الْمُتَعَالِي
Мутаъол ҳам ба маънои олӣ, воло аст, вале бештар ба маънои бо қудраташ халқро ғалаба кардааст. Яъне ҳар чизе, ки Аллоҳи Мутаъол хост, мешавад, на хости бандаҳо. Хоҳиши Ӯ бар хоҳиши ҳама ғолиб мебошад. Ӯ бо қудрати пурааш болои халқаш ғолиб аст. Ин ном далолат ба бартарии ғолибият мекунад ва ин яке аз маъноҳои волоӣ мебошад.
Мутаъол – яъне зоти Олӣ, бо қудраташ аз ҳама чиз баландмартаба буданро ифода мекунад.
Ин ном як маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Номи Абдулмутаъол номи нек буда, номи Мутаъол гузоштан ба кӯдакон ҷоиз нест.