Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
42

Ас-Салом

السَّلاَمُ

Солим аз ҳамаи айбҳову нуқсонҳо, ва халқ аз зулми Ӯ солим монданд.

Салом – солим аз офату зулм. Ҳамчуноне, ки шаби қадр «Салом» ном дорад, ба маънои солим аз тамомии бадиҳо.

Аллоҳ соҳиби Салом аст ва Салом номи Аллоҳ аст. Он тамоми сифатҳояшро дарбар мегирад.

Аллоҳ аз ҳамсару фарзанд, ҳамсону назир, ҳамному монад ва аз шарик солим аст.

Номи Салом дар Қуръон як бор зикр шудааст. Инчунин дар ҳадис низ ин ном собит шудааст. Дар зикри машҳури пас аз саломи намоз мегӯянд:

«Илоҳо, Ту Салом ҳастӣ ва Салом аз Ту мебошад. Пурбаракат ва олӣ ҳастӣ эй соҳиби Ҷалол ва Икром».

Ва дар қавли Паёмбар ﷺ омадааст:

«Ба дурустӣ, ки Аллоҳ Салом аст».

Салом ва солим будан ба маънои покӣ ва бароат меояд. Ҳаёти Ӯ аз мавт, аз хобидан ва пинак рафтан солим аст. Илми Ӯ аз фаромӯшӣ солим аст. Суханони Ӯ таоло аз дурӯғу ғалат солим аст. Ин ном аз мо талаб мекунад, ки суннати «Салом додан» ва даст кашидан аз озори мӯъминонро ошкор кунем. Чӣ тавре, ки Расулуллоҳ салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод гуфтанд:

«Мусалмон касест, ки дигар мусалмонон аз дасту забони ӯ дар амон ва солим бошанд».

Аллоҳ масдари солимӣ ва амн мебошад. Ҳар касе солимиро аз ғайри Ӯ таоло талаб кард, маҳрум мешавад. Бор илоҳо, Ту Салом ҳастиву солимӣ аз Ту мебошад. Моро аз гуноҳу бало, куфру азоби қабр ва дӯзах солим нигаҳ дор.

Номи Абдуссалом аз ҷумлаи номҳои беҳтарин аст. Ҳамчунин Салом низ ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 59:23
42 / 99