← Феҳрист16 зикру дуо
Дуоҳое ки дар намоз гуфта мешавад
🔍
1 / 16
«اللهُمَّ بَاعِدْ بَيْنِي وَبَيْنَ خَطَايَايَ كَمَا بَاعَدْتَ بَيْنَ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ، اللهُمَّ نَقِّنِي مِنْ خَطَايَايَ كَمَا يُنَقَّى الثَّوْبُ الْأَبْيَضُ مِنَ الدَّنَسِ، اللهُمَّ اغْسِلْنِي مِنْ خَطَايَايَ بِالثَّلْجِ وَالْمَاءِ وَالْبَرَدِ»
"Эй Аллоҳ байни ман ва байни хатоҳоям дури биандоз, ҳамчуноне ки байни машриқ ва мағриб фосила гузоштаи. Худоё манро аз хатоҳоям пок бигардон, ҳамчуноне, ки либоси сафед аз чирк пок мешавад. Худоё манро аз хатоҳоям бо барф, об ва жола бишӯй"
0:000:00
2 / 16
«اللهُمَّ رَبَّ جَبْرَائِيلَ، وَمِيكَائِيلَ، وَإِسْرَافِيلَ، فَاطِرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ، عَالِمَ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ، أَنْتَ تَحْكُمُ بَيْنَ عِبَادِكَ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ، اهْدِنِي لِمَا اخْتُلِفَ فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِكَ، إِنَّكَ تَهْدِي مَنْ تَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ»
“Эй Аллоҳ! Парвардигори Ҷибрил ва Микоилу Исрофил, офарандаи осмонҳо ва замин, донандаи пинҳону ошкор! Ту байни бандаҳо дар он чӣ ихтилоф меварзанд, қазоват мекунӣ, дар он чӣ ихтилоф шудааст, ба хости худат маро ба сӯи ҳақ ҳидоят намо, бешак Ту ҳар киро бихоҳӣ ба роҳи рост ҳидоят менамоӣ”. (Ва ин дуо аз ҷумлаи дуоҳои истифтоҳ дар намоз аст, хусусан дар намози шаб (қиёми лайл). Инчунин дар коре агар шубҳа пайдо шавад, барои ҳақиқатро фаҳмидан ин дуо гуфта мешавад.)
0:000:00
3 / 16
«وَجَّهْتُ وَجْهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ حَنِيفًا، وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ، إِنَّ صَلَاتِي، وَنُسُكِي، وَمَحْيَايَ، وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ، لَا شَرِيكَ لَهُ، وَبِذَلِكَ أُمِرْتُ وَأَنَا مِنَ الْمُسْلِمِينَ، اللهُمَّ أَنْتَ الْمَلِكُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ، أَنْتَ رَبِّي، وَأَنَا عَبْدُكَ، ظَلَمْتُ نَفْسِي، وَاعْتَرَفْتُ بِذَنْبِي، فَاغْفِرْ لِي ذُنُوبِي جَمِيعًا، إِنَّهُ لَا يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ، وَاهْدِنِي لِأَحْسَنِ الْأَخْلَاقِ لَا يَهْدِي لِأَحْسَنِهَا إِلَّا أَنْتَ، وَاصْرِفْ عَنِّي سَيِّئَهَا لَا يَصْرِفُ عَنِّي سَيِّئَهَا إِلَّا أَنْتَ، لَبَّيْكَ وَسَعْدَيْكَ وَالْخَيْرُ كُلُّهُ فِي يَدَيْكَ، وَالشَّرُّ لَيْسَ إِلَيْكَ، أَنَا بِكَ وَإِلَيْكَ، تَبَارَكْتَ وَتَعَالَيْتَ، أَسْتَغْفِرُكَ وَأَتُوبُ إِلَيْكَ»
“Ман чеҳраамро дар ҳоле, ки аз ботил рӯ гардон шудаам, ба сӯи Зоте мутаваҷҷеҳ намудам, ки осмонҳову заминро офарид, ва ман аз зумраи мушрикон нестам. Бешак намозу ибодат ва зиндагию маргам, аз они Парвардигори оламиён аст, ки шарике надорад, ва ба ҳамин амр шудаам, ва ман аз ҷумлаи мусалмонон ҳастам. Эй Аллоҳ! Ту подшоҳ ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест. Ту Парвардигори ман ҳастӣ ва ман бандаи Ту, хештанро ситам намудам ва ба гуноҳам иқрор мекунам, пас тамоми гуноҳонамро бибахш. Бешак ба ҷуз Ту касе гуноҳонро намебахшад, ва маро ба беҳтарин ахлоқ ҳидоят намо, ва ҳеҷ касе ба беҳтарини он ҳидоят намекунад, магар Ту, ва хислатҳои бадро аз ман дур намо, ҳеҷ касе бадиҳои онро дур намекунад, магар Ту. Ман ба боргоҳат ҳозирам ва барои итоат аз Ту омодаам. Ва ҳаргуна хайру накӯӣ дар ихтиёри Туст, бадиро ба сӯи Ту роҳ нест. Ман ба лутфи Ту мавҷудам ва ба сӯи Ту мутаваҷҷеҳам. Ту бисёр бо баракат ва бартар ҳастӣ, аз Ту омӯрзиш мехоҳам ва ба сӯи боргоҳат тавба мекунам”. (Ва ин дуо аз ҷумлаи дуоҳои истифтоҳ дар намоз аст, хусусан дар намози шаб (қиёми лайл).)
0:000:00
4 / 16
«سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا وَبِحَمْدِكَ اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي»
"Эй Аллоҳ! Туро ба поки ёд мекунам, эй Парвардигори мо, ва ситоиш мекунам Туро, Худоё ! Манро биёмурз"
0:000:00
5 / 16
«اللهُمَّ أَعُوذُ بِرِضَاكَ مِنْ سَخَطِكَ، وَبِمُعَافَاتِكَ مِنْ عُقُوبَتِكَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْكَ لَا أُحْصِي ثَنَاءً عَلَيْكَ أَنْتَ كَمَا أَثْنَيْتَ عَلَى نَفْسِكَ»
“Бор Илоҳо! Ман аз хашму ғазаби Ту, ба хушнӯдӣ ва ризояти Ту, ва аз кайфару муҷозотат, ба афву бахшишат, паноҳ мебарам, ва низ аз гирифту муҳосабаи Ту ба Ту паноҳ мебарам. Ман тавону қудрати баёни ҳамду ситоиши Туро надорам, Ту ҳамчуноне ҳастӣ, ки худат ба нафси хеш ҳамду ситоиш намудаӣ”.
0:000:00
6 / 16
«اللهُمَّ اغْفِرْ لِي ذَنْبِي كُلَّهُ دِقَّهُ، وَجِلَّهُ، وَأَوَّلَهُ وَآخِرَهُ وَعَلَانِيَتَهُ وَسِرَّهُ»
“Эй Аллоҳ! Тамоми гуноҳонамро, чӣ кӯчак бошаду чӣ бузург, ва чӣ аввал бошаду чӣ охир ва чӣ ошкор бошаду чӣ пинҳон, бибахш”.
0:000:00
7 / 16
«اللهُمَّ اجْعَلْ لِي فِي قَلْبِي نُورًا، وَفِي لِسَانِي نُورًا، وَفِي سَمْعِي نُورًا، وَفِي بَصَرِي نُورًا، وَمِنْ فَوْقِي نُورًا، وَمِنْ تَحْتِي نُورًا، وَعَنْ يَمِينِي نُورًا، وَعَنْ شِمَالِي نُورًا، وَمِنْ بَيْنِ يَدَيَّ نُورًا، وَمِنْ خَلْفِي نُورًا، وَاجْعَلْ فِي نَفْسِي نُورًا، وَأَعْظِمْ لِي نُورًا»
“Эй Аллоҳ! Дар қалбу забон ва гушу чашм ва зеру боло ва аз тарафи росту чап ва дар пеши рӯ ва пушти сарам, нур қарор бидеҳ, ва дар ҷонам нуреро бияндоз ва нури бузурге бароям қарор деҳ”.
0:000:00
8 / 16
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ، وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ، وَمِنْ شَرِّ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ»
"Эй Аллоҳ! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз азоби дӯзах, ва аз азоби қабр, ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг, ба Ту паноҳ мебарам аз бадии фитнаи Масеҳи Даҷҷол”.
0:000:00
9 / 16
«اللَّهُمَّ أَعِنِّي عَلَى ذِكْرِكَ، وَشُكْرِكَ، وَحُسْنِ عِبَادَتِكَ»
“Эй Аллоҳ! Бар зикру шукр ва ибодати накуят, маро ёрӣ расон”.
0:000:00
10 / 16
«اللهُمَّ اغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَمَا أَخَّرْتُ، وَمَا أَسْرَرْتُ وَمَا أَعْلَنْتُ، وَمَا أَسْرَفْتُ، وَمَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، أَنْتَ الْمُقَدِّمُ وَأَنْتَ الْمُؤَخِّرُ، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ»
"Эй Аллоҳ! Гуноҳе, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳе, ки осораш пас аз марг ҳамчунон идома меёбад, ва гуноҳоне, ки пинҳон анҷом додам, гуноҳоне, ки ошкор анҷом додаам, ва аз ҳадгузарӣ, ва он чӣ Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, бибахш. Ту Зоте ҳастӣ, ки ба сӯи корҳои нек ва биҳишт ҳидоят мекунӣ, ва ҳар касеро хоҳӣ аз корҳои нек ва биҳишт ба таъхир меандозӣ, ва ҳеҷ маъбуди ростине ҷуз Ту вуҷуд надорад”.
0:000:00
11 / 16
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْمَأْثَمِ، وَالْمَغْرَمِ»
“Эй Аллоҳ! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз шарри гуноҳ ва бадеҳкорӣ ва қарздорӣ”.
0:000:00
12 / 16
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْجَنَّةَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ النَّارِ»
"Бори Илоҳо! Ман аз Ту биҳиштро талаб дорам, ва аз оташи дӯзах ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
13 / 16
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ الْبُخْلِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ الْجُبْنِ وَأَعُوذُ بِكَ أَنْ أُرَدَّ إِلَى أَرْذَلِ الْعُمُرِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الدُّنْيَا وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ»
Эй Аллоҳ! Ман бар Ту паноҳ мебарам аз бахили ва хасисӣ, ва ба Ту паноҳ мебарам аз тарс, ва ба Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ба марҳалаи пастии умр бирасам, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи дунё, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи дунё, ва ба Ту паноҳ мебарам аз азоби қабр”.
0:000:00
14 / 16
«اللهُمَّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي ظُلْمًا كَثِيرًا وَلَا يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ، فَاغْفِرْ لِي مَغْفِرَةً مِنْ عِنْدِكَ، وَارْحَمْنِي إِنَّكَ أَنْتَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ»
"Эй Аллоҳ! Бешак ман ба хештан ситами бисёр намудам, ва ба ҷуз Ту касе гуноҳонро намебахшад, пас маро аз назди худат бибахш ва маро раҳм намо, бешак Ту бахшандаи меҳрубон ҳастӣ”.
0:000:00
15 / 16
«اللَّهُمَّ حَاسِبْنِي حِسَابًا يَسِيرًا»
“Эй Аллоҳ! Суолу ҷавоби маро осон бигардон”.
0:000:00
16 / 16
«رَبِّ قِنِي عَذَابَكَ يَوْمَ تَبْعَثُ عِبَادَكَ»
“Эй Аллоҳ! Дар он рӯзе, ки бандагонатро бармеангезӣ, аз азобат маро муҳофизат кун”.
0:000:00