← Феҳрист16 зикру дуо
Одоби дуо кардан
🔍
1 / 16
Аввал: Дуокунанда дуоро холис барои Худованд дуо кунад, Ва яқин бидонад, ки фақат Худованд бар иҷобат кардани дуояш қодир ва тавоно аст. Пас ғайри худоро дуо накунад ва касеро восита нагардонад, на паёмбареро ва на валие ва на малоика ва на бандаи солеҳеро, ва ҳар касе ки набошад. Худованд мефармояд: "[Танҳо] Аллоҳро дуо ва ибодат кунед ва дуо ва ибодати худро холис барои Аллоҳ гардонед" (Ғофир 14),
2 / 16
Дуввум: Бояд дар хотир дошта бошӣ, ки дуо кардан худ ибодати бузургест ва Худованд онро дӯст медорад. Ва новобаста аз инки дуо қабул мешавад ё не, ту барои дуо карданат аҷру савоб мегири.
3 / 16
Севвум: Бояд ба Худованд боварӣ ва эътимод дошта бошӣ, ки Худованд барои иҷобат ва қабули дуоят қодир ва тавоно аст. Ва инки барои қариб шудан ба Худованд эҳтиёҷ ба ягон махлуқе надори, ки туро ба Худованд қариб гардонад, ва ин корҳо сабаби воқеъ шудани мусулмон дар бидъатҳо ва амалҳои номашруъ мегардад.
4 / 16
Чаҳорум: Худованд аз тавба кардан ва ба суи Ӯ баргаштанат шод мегардад, агарчанде ба сабаби гуноҳони зиёдат аз Ӯ дур боши. Пас ҳушёр бош! Ва фикр накун, ки дуоят қабул намешавад ё инки аз раҳматаш ноумед боши. Балки шод шудани Худованд аз тавбаат ва рӯй овардани худ ба суи Худовандро (Ва Худованд аз ин бениёз аст), дар ёд дошта бош ва ин сухани Худовандро ба ёд биёр: (Дар ҳақиқат Аллоҳ таоло ҳамаи гуноҳонро мебахшад) (Зумар 53) Ва сухани Худованд: (Ва [эй паёмбар] чун бандагонам дар бораи Ман аз ту бипурсанд, [ба онон] бигӯ: Ман наздикам ва дуои дуокунандаро – ҳангоме ки маро бихонад – иҷобат мекунам) (Бақара 186)
Сарчашма: Бақара 186
5 / 16
Панҷум: Таъому нушокии дуокунанда аз касби ҳаром набошад, зеро он аз ҷумлаи манъ кунандаҳои иҷобати дуо аст. Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ривоят кардааст: Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мисоле зикр кард: “Марде ки сафари дарозмудате дорад, ва сару рӯяш пур аз ғубори роҳ асту дар у асари машақати роҳ дида мешавад, ва дастонашро ба сӯи осмон мебардораду мегуяд: Эй Парвардигори ман! Эй Парвардигори ман! Дар ҳоле ки хурданию нӯшиданиаш ҳаром аст, либосҳояш аз ҳаром аст, ва аз ҳаром сер карда шудааст, пас чигуна дуои у қабул гардад?”.
6 / 16
Шашум: Дуокунанда бояд одоб ва суннатҳои дуоро риоя кунад, ки инҳоянд:
7 / 16
Бо таҳорат будани дуокунанда, чигунае ки барои намоз таҳорат мекунад, зеро дар ҳадиси Абу Мусо (Худованд аз ӯ розӣ бод), дар саҳеҳ Бухорӣ ва саҳеҳ Муслим ва қиссаи аммаи Абу Омир омадааст: Абу Омир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ба Абу Мусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) тавсия дод, ки аз Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) хоҳиш кунад ки дар ҳаққаш дуо кунад, Пас Абу Мусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) Паёмбарро (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) хабар кард, Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) талаб кард, барояш об биёранд ва бо он таҳорат кард ва баъд аз он дастонашро бардошт ва гуфт: "Эй Аллоҳ! Убайд, Абу Омирро мағфират кун". – то инки сафедии бағалҳояшро дидам – баъд аз он гуфт: " Эй Аллоҳ (Мартабаи ) ӯро дар рӯзи қиёмат бар бисёре аз махлуқонат боло бигардон, ё аз мардум"
8 / 16
Рӯй ба тарафи қибла кардан.
9 / 16
Ҳарду дастро бардошта дуо кардан. Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Аббос (Худованд аз онҳо розӣ бод) далолат бар ин ду суннат (Рӯй ба тарафи қибла кардан. Дастонро бардошта дуо кардан.) мекунад. Абдуллоҳ ибни Аббос (Худованд аз онҳо розӣ бод) гуфт: Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) бароям гуфт: Рӯзи Бадр (ғазваи Бадр) Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба сӯи мушрикон нигоҳ кард - дар ҳоле ки онҳо ҳазор (1000) нафар буданд ва саҳобагони Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) се саду нуздаҳ (319) нафар буданд – Паёмбари Худо (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) рӯй ба сӯи қибла кард ва дастонашро бардошта Парвардигорашро нидо кард: "Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи, бароям анҷом бидеҳ, Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи бароям биёр ... "
10 / 16
Инки дуояшро бо ҳамду сано бар Худованд, ва дуруду салом бар Паёмбар шуруъ кунад. Дар ҳадиси Фазола ибни Убайд (Худованд аз ӯ розӣ бод) саҳобии Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) омадааст, ки мегӯяд: Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мардеро шунид, ки дуо мекард, ва дар дуояш ҳамду сано бар Худованд ва дуруду салом бар Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) нагуфт. Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) гуфт: "Ин мард шитоб намуд" Сипас ӯро ба наздаш фаро хонд ва ба ӯ – ё ба дигаре - гуфт: "Вақте яке аз шумо дуо мекунад, бо сипосу ситоиш ва шукри Парвардигораш шуруъ кунад, сипас бар Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) салавот бифиристад, сипас ҳар дуое бихоҳад дуо кунад" . Пас агар бо ҳамду ситоиш бар Худованд шуруъ кунад ва хусусан оятҳои сано ва ситоиш, ки дар аввали сураҳо омадааст ва дар саҳифаҳои оянда онҳоро зикр мекунем, Сипас дуруд ва салом бар Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) бифиристад. Баъд аз он бо ҳамду саноҳои гуногун, ки онҳоро дар саҳифаҳои оянда зикр мекунем, Худовандро ситоиш намояд, ингуна дуо ба иҷобат ва қабул наздиктар мебошад.
11 / 16
Бо гумони нек ва яқин дар иҷобати дуо Худовандро дуо кунад, дар қабули дуо шитоб накунад, Балки яқин дошта бошад, ки Худованд дуояшро қабул мекунад. Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) гуфт: "Дуои бандаи муъмин ҳамчунон пазируфта мешавад, то замоне ки барои анҷом додани гуноҳ ё қатъи пайванди хешованди дуо нанамояд ва инчунин шитоб нанамояд" Шахсе гуфт: Эй Паёмбари Худо! Шитоб кардан бо кадом маъно аст, Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: Шитоб кардан ба ин маъно, ки мегӯяд: Ман бисёр дуо кардам, ман бисёр дуо кардам, вале надидам, ки Худованд дуоямро қабул кунад, Пас дар ин ҳолат ноумед мешавад ва дуо карданро тарк мекунад".
12 / 16
Инки Худовандро бо номҳои зебояш дуо кунад, ва аз номҳои Худованд муносиб ба дуояш ихтиёр намояд, Агар аз Худованд ризқ бихоҳад, "Ё Раззоқ" гуфта дуо кунад, Ва агар аз Худованд раҳмат талаб кунад, "Ё Раҳмон ё Раҳим" гуфта дуо кунад, Ва агар аз Худованд иззату сарбаланди бихоҳад, "Ё Азиз" гуфта дуо кунад, Ва агар аз Худованд мағфирату бахшиш бихоҳад, "Ё Ғафур" гуфта дуо кунад, Ва агар аз Худованд шифо талаб кунад, "Ё Шофӣ" гуфта дуо кунад, Ва ҳамингуна барои ҳар талабаш номе аз номҳои Худовандро, ки мувофиқи дуояш бошад, гуфта дуо кунад. Худованд мефармояд: "Ва зеботарин номҳо барои Аллоҳ таоло аст, пас, Ӯро ба он [номҳо] бихонед". (Аъроф 180)
Сарчашма: Аъроф 180
13 / 16
Инки лафзи дуоро такрор ба такрор бигуяд ва аз Худованд бо зорию хоксорӣ ва бо исрор талаб кунад. Дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Аббос (Худованд аз онҳо розӣ бод) дар дуои Паёмбар барои Саҳобагонаш дар ғазваи Бадр омадааст, ки гуфт: "Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи, бароям анҷом бидеҳ, Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи бароям биёр ... " Ва ҳамчунон Худовандро нидо мекард, то инки ридояш аз китфонаш афтод, Дар ин ҳангом Абубакр (Худованд аз ӯ розӣ бод) ҳамроҳаш истода буд ва мегуфт: "Эй Паёмбари Худо! дуо ва дархост аз Парвардигорат басанда аст, Худованд ба ваъдааш вафо хоҳад кард". Ривояти Муслим (1763) Инчунин ҳадисе ки дар саҳеҳ Бухорӣ ва саҳеҳ Муслим омадааст, Дар ҳадиси Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ҳангоме ки Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар ҳақи қабилаи Давс дуо мекард чунин гуфт: "Бор Илоҳо! (Қабилаи) Давсро ҳидоят кун ва бар Ислом мушарраф гардон, Бор Илоҳо! (Қабилаи) Давсро ҳидоят кун ва бар Ислом мушарраф гардон".
14 / 16
Инки бо овози паст дуо кунад ва дар вақти дуо кардан овозашро баланд накунад, зеро Худованд мефармояд: [Эй муъминон] Парвардигоратонро ба зорӣ ва пинҳонӣ бихонед. (Аъроф 55). Пинҳонӣ ва бо овози паст дуо кардан наздиктар ба ихлос аст. Бинобар ин Худованд дуои Закариёро мадҳу тавсиф кардааст, ки мефармояд: "Он гоҳ ки (Закариё) Парвардигорашро ба нидое пинҳон [ба дуо] хонд". (Марям 3) Бахотири бо ихлос гардидани дуо. Қавли яке аз олимони тафсир.
15 / 16
Инки дуо шомили мадҳу сано ва ситоиши Худованд бошад, Зеро Худованд дӯст медорад, ки бандааш Ӯро сано ва ситоиш бигӯяд. Худовандро бо ҳамду сано ва ситоиш ибодат кунад, агарчанде Худованд ба ибодати бандагонаш эҳтиёҷе надорад. Дар саҳеҳ Бухорӣ ва саҳеҳ Муслим аз ибни Масъуд ривоят аст, ки Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: "Ҳеҷ кас ҳамду саноро ба андозаи Худованд дӯст намедорад, аз ин ру худро мадҳу сано ва ситоиш намудааст". Ривояти Муслим (2760)
16 / 16
Инки дуокунанда вақтҳои иҷобати дуоро барои дуо карданаш ихтиёр намуда дар он вақтҳо Худовандро дуо намояд. Аз ҷумлаи вақтҳо ва ҳолатҳои қабули дуо, ки дар ҳадисҳо ворид шудааст, ин аст: (Дуо байни азон ва иқомати намоз - дар сеяки охири шаб – дар вақти ҷумъа (байни хутбаи аввал ва дуввум) – баъди намозҳо – дар ҳолати саҷда – вақти боридани борон – дуои мусулмон бар бародари мусулмонаш дар вақти ғоиб буданаш – дуои падар барои фарзандонаш – дуои мусофир – ва дуои мазлум)