Quran.tjGet it on Google Play
Феҳрист12 зикру дуо

Зикрҳои субҳ

🔍
1 / 12
(لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ)
(Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, яктост ва шарике надорад, подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст, ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност). Даҳ маротиба
0:000:00
2 / 12
(أَصْبَحْنَا وَأَصْبَحَ الْمُلْكُ لِلَّهِ، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ، لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، اللَّهُمَّ إِنِّي أسْأَلُكَ خَيْرِ مَا فِي هَذَا الْيَوم، وَخَيْر مَا بعدِه، وَأَعُوذُ بِك مِنْ شَرِّ مَا فِي هَذا اليَوم، وَشَر مَا بَعْدِه، اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْكَسَلِ، وَالْهَرَمِ، وَسُوءِ الْكِبَرِ، وَفِتْنَةِ الدُّنْيَا، وَعَذَابِ الْقَبْر)
(Ба субҳ расидем ва мулк ҳам дар ҳоле ба субҳ расид, ки аз они Аллоҳ аст, ва ҳамду сано барои Аллоҳ аст, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст, ҳеҷ шарике надорад. Эй Аллоҳ! Аз ту хайри он чӣ дар ин рӯз ҳаст ва хайри он чӣ баъд аз он меояд, талаб дорам, ва ба Ту паноҳ мебарам аз шарри он чӣ дар ин рӯз ҳаст ва шарри он чӣ баъд аз он меояд. Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз танбалӣ ва бадиҳои пирӣ ва фитнаи дунё ва азоби қабр).
0:000:00
3 / 12
(اللَّهُمَّ أَنْتَ رَبِّي لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ خَلَقْتَنِي، وَأَنَا عَبْدُكَ، وَأَنَا عَلَى عَهْدِكَ وَوَعْدِكَ مَا اسْتَطَعْتُ، أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا صَنَعْتُ، أَبُوءُ لَكَ بِنِعْمَتِكَ عَلَيَّ، وَأَبُوءُ لَكَ بِذَنْبِي فَاغْفِرْ لِي فَإِنَّهُ لَا يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ)
(Эй Аллоҳ! Ту Парвардигори ман ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, манро офаридӣ ва ман бандаи Ту ҳастам, ва ман бар аҳду паймоне, ки бо Ту бастаам, дар ҳадду тавонам пойбанд ҳастам, ба Ту паноҳ мебарам аз шарри он чӣ анҷом додаам. Ба неъматҳое, ки бар ман додаӣ, эътироф мекунам, ва ба гуноҳонам низ эътироф мекунам, пас маро бибахш, бетардид гуноҳро ҷуз Ту касе намебахшад).
0:000:00
4 / 12
(اللَّهُمَّ بِكَ أَصْبَحْنَا، وَبِكَ أَمْسَيْنَا، وَبِكَ نَحْيَا، وَبِكَ نَمُوتُ، وَإِلَيْكَ النُّشُورُ)
(Эй Аллоҳ! Бо кӯмаки Ту ба субҳ расидем, ва бо кӯмаки Ту ба шом расидем, ва бо кӯмаки Ту зинда мешавем ва бо кӯмаки Ту мемирем, ва ба сӯи Туст бозгашт).
0:000:00
5 / 12
(اللَّهُمَّ فَاطِرَ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضِ، عَالِمَ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ رَبَّ كُلِّ شَيْءٍ وَمَلِيكَهُ، أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ نَفْسِي وَمِنْ شَرِّ الشَّيْطَانِ وَشِرْكِهِ، وَأَنْ أَقْتَرِفَ عَلَى نَفْسِي سُوءًا، أَوْ أَجُرَّهُ إِلَى مُسْلِمٍ)
(Эй Аллоҳ, офарандаи осмонҳову замин, донандаи пинҳону ошкор! ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест. Парвардигор ва молики ҳама чиз ҳастӣ, ба Ту паноҳ мебарам аз бадии нафсам ва бадӣ ва ширки шайтон ва аз ин, ки ба худ кори баде кунам, ва ё ба мусалмоне онро раво донам).
0:000:00
6 / 12
(بِسْمِ اللَّهِ الَّذِي لَا يَضُرُّ مَعَ اسْمِهِ شَيْءٌ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي السَّمَاءِ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ)
(Ба номи Аллоҳ, ки ҳамроҳ бо номи Ӯ ҳеҷ чиз дар замину осмон зараре намерасонад, ва Ӯ шунавову доност). Се маротиба.
0:000:00
7 / 12
(رَضِيتُ بِاللَّهِ رَبًّا، وَبِالْإِسْلَامِ دِينًا، وَبِمُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ نَبِيًّا)
(Ба Парвардигорам ба унвони Аллоҳ, ва ба Ислом ба унвони дин ва Муҳаммад (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба унвони паёмбар, розӣ ҳастам). Се маротиба.
0:000:00
8 / 12
(اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْعَافِيَةَ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْعَفْوَ وَالْعَافِيَةَ فِي دِينِي وَدُنْيَايَ، وَأَهْلِي وَمَالِي، اللَّهُمَّ اسْتُرْ عَوْرَاتِي، وَآمِنْ رَوْعَاتِي، اللَّهُمَّ احْفَظْنِي مِنْ بَيْنِ يَدَيَّ وَمِنْ خَلْفِي، وَعَنْ يَمِينِي وَعَنْ شِمَالِي، وَمِنْ فَوْقِي، وَأَعُوذُ بِعَظَمَتِكَ أَنْ أُغْتَالَ مِنْ تَحْتِي)
(Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират афву офият хоҳонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам. Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам, ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам).
0:000:00
9 / 12
(أَعُوذُ بِكَلِمَاتِ اللَّهِ التَّامَّاتِ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ)
(Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чӣ офаридааст). Се маротиба.
0:000:00
10 / 12
(أَصْبَحْنَا عَلَى فِطْرَةِ الْإِسْلَامِ، وَكَلِمَةِ الْإِخْلَاصِ، وَدِينِ نَبِيِّنَا مُحَمَّدٍ - صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ - وَمِلَّةِ أَبِينَا إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا، وَمَا كَانَ مِنْ الْمُشْرِكِينَ)
(Бар фитрати Ислом ва калимаи ихлос ва дини паёмбарамон Муҳаммад (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва миллати падарамон Иброҳим (дуруд салом бар Ӯ салом), ки мусалмону ҳаниф буд ва аз ҷумлаи мушрикон набуд, субҳ намудам).
0:000:00
11 / 12
(يَا حَيُّ يَا قَيُّومُ بِرَحْمَتِكَ أَسْتَغِيثُ أَصْلِحْ لِي شَأْنِي كُلَّهُ، وَلَا تَكِلْنِي إِلَى نَفْسِي طَرْفَةَ عَيْنٍ)
(Эй ҳамеша зинда ва эй ҳамеша поянда! Бо (тавассул) ба раҳмати Ту аз Ту кӯмак металабам. Тамоми кору борамро ислоҳ гардон, ва як мижа задан ҳам маро бар нафси худам вогузор макун).
0:000:00
12 / 12
(حَسْبِيَ الله لاَ إِلهَ إِلاَّ هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرشِ الْعَظِيمِ)
(Аллоҳ барои ман кофист, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал намудам, ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст). Ҳафт маротиба
0:000:00