Quran.tjGet it on Google Play
Феҳрист94 зикру дуо

Сано ва ситоишҳо бар Аллоҳи мутаъол

🔍
1 / 94
﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ٢ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ٣ مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ ٤﴾
(Ҳамду ситоиш барои Аллоҳ, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. (2) Бахшояндаи меҳрубон, (3) Фармонравои рӯзи ҷазост). [Сураи Фотиҳа: 2-4].
Сарчашма: Сураи Фотиҳа: 2-4
0:000:00
2 / 94
﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ فَاطِرِ السَّمَوَاتِ وَالأرْضِ جَاعِلِ الْمَلائِكَةِ رُسُلا أُولِي أَجْنِحَةٍ مَثْنَى وَثُلاثَ وَرُبَاعَ يَزِيدُ فِي الْخَلْقِ مَا يَشَاءُ إِنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾
(Ҳамду ситоиш Аллоҳрост, офарандаи осмонҳову замин аст, ва Зотест, ки Фариштагонро расулон ва соҳиби болҳои дугона ва сегонаву чаҳоргона қарор дод. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд, бешак Аллоҳ бар ҳар чизе қодиру тавоност). [Сураи Фотир: 1].
Сарчашма: Сураи Фотир: 1
0:000:00
3 / 94
﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأرْضَ وَجَعَلَ الظُّلُمَاتِ وَالنُّورَ﴾
(Ҳамду ситоиш азони Аллоҳест, ки осмонҳову заминро биёфарид, ва торикиҳову рӯшноиро падидор намуд) [Сураи Анъом: 1].
Сарчашма: Сураи Анъом: 1
0:000:00
4 / 94
﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الأرْضِ وَلَهُ الْحَمْدُ فِي الآخِرَةِ وَهُوَ الْحَكِيمُ الْخَبِيرُ﴾
(Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳест, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст. Ва дар охират низ ҳамду ситоиш аз они Ӯст, ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст!) [Сураи Сабаъ: 1].
Сарчашма: Сураи Сабаъ: 1
0:000:00
5 / 94
«الْحَمْدُ لِلَّهِ حَمْدًا كَثِيرًا طَيِّبًا مُبَارَكًا فِيهِ»
"Ҳамду сано ва ситоиш аз они Аллоҳ аст: Ҳамду санои фаровон, зебо, ва бобаракат ”.
0:000:00
6 / 94
«رَبَّنَا لَكَ الْحَمْدُ مِلْءُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ، وَمِلْءُ مَا شِئْتَ مِنْ شَيْءٍ بَعْدُ، أَهْلَ الثَّنَاءِ وَالْمَجْدِ، أَحَقُّ مَا قَالَ الْعَبْدُ، وَكُلُّنَا لَكَ عَبْدٌ: اللهُمَّ لَا مَانِعَ لِمَا أَعْطَيْتَ، وَلَا مُعْطِيَ لِمَا مَنَعْتَ، وَلَا يَنْفَعُ ذَا الْجَدِّ مِنْكَ الْجَدُّ»
“Парвардигори мо! Ҳамду ситоиш аз они Туст, онгуна ситоише, ки осмонҳову замин ва ҳар чиро, ки Ту бихоҳӣ пур кунад. Ту аҳли сано ва ситоишу бузургӣ ҳастӣ. Ту шоистаи ситоиши банда ҳастӣ, ва ҳамаи мо бандагони Ту ҳастем. Эй Аллоҳ! Он чиро, ки Ту медиҳӣ, ҳеҷ кас тавони монеъ шудани онро надорад, ва чизеро, ки Ту манъ намудаӣ, касе тавони додани онро надорад, ва ҳеҷ соҳиби сармояеро сармояаш аз азобат наҷот нахоҳад дод”.
0:000:00
7 / 94
«اللهُمَّ لَكَ الْحَمْدُ كُلُّهُ، وَإِلَيْكَ يَرْجِعُ الْأَمْرُ كُلُّهُ»
“Эй Аллоҳ! Тамоми ҳамду ситоиш барои Туст, ва тамоми умур ба сӯи Ту боз мегардад”.
0:000:00
8 / 94
«اللَّهُمَّ رَبَّنَا لَكَ الحَمْدُ أَنْتَ قَيِّمُ السَّمَوَاتِ وَالأَرْضِ، وَلَكَ الحَمْدُ أَنْتَ رَبُّ السَّمَوَاتِ وَالأَرْضِ وَمَنْ فِيهِنَّ، وَلَكَ الحَمْدُ أَنْتَ نُورُ السَّمَوَاتِ وَالأَرْضِ وَمَنْ فِيهِنَّ، أَنْتَ الحَقُّ، وَقَوْلُكَ الحَقُّ، وَوَعْدُكَ الحَقُّ، وَلِقَاؤُكَ الحَقُّ، وَالجَنَّةُ حَقٌّ، وَالنَّارُ حَقٌّ، (وَالنَّبِيُّونَ حَقٌّ، وَمُحَمَّدٌ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حَقٌّ) وَالسَّاعَةُ حَقٌّ، اللَّهُمَّ لَكَ أَسْلَمْتُ، وَبِكَ آمَنْتُ، وَعَلَيْكَ تَوَكَّلْتُ، (وَإِلَيْكَ أَنَبْتُ) وَإِلَيْكَ خَاصَمْتُ، وَبِكَ حَاكَمْتُ، فَاغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَمَا أَخَّرْتُ، وَأَسْرَرْتُ وَأَعْلَنْتُ، وَمَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، (أَنْتَ المُقَدِّمُ، وَأَنْتَ المُؤَخِّرُ) لاَ إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ»
“Эй Аллоҳ! Парвардигори мо! Тамоми ҳамду ситоиш аз они Тӯст. Ту тадбиркунандаи осмонҳо ва замин ҳасти, Ва ҳамду ситоиш аз они Туст, ва Парвардигори осмонҳо ва замин ва ончи дар онҳо аст, Ту ҳасти, Ва Ту бар ҳаққӣ ва суханат низ ҳақ аст ва ваъдаат низ ҳақ аст, ва мулоқот бо Ту ҳақ аст, ва биҳишт ҳақ аст ва дӯзах низ ҳақ аст, ва Паёмбарон ҳақанд ва Муҳаммад (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳақ аст, ва қиёмат ҳақ аст. Эй Аллоҳ! Ба Ту таслим шудам ва ба Ту имон овардам ва бар Ту таваккал намудам ва бар Ту рӯй овардам ва бо кӯмаки Ту ба душманон ба мубориза пардохтам, ва Туро ҳоким қарор додаам. Пас ҳар гуноҳе, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва ҳар гуноҳе, ки осораш пас аз марг ҳамчунон идома пайдо мекунад ва гуноҳе, ки дар ҳолати пинҳонӣ ва ё ошкор анҷом додаам, ва ҳар гуноҳе, ки Худат аз ман ба он донотар ҳастӣ, мавриди омӯрзиш қарор деҳ, ва ин Ту ҳастӣ, ки ҳар киро хоҳӣ ба сӯи корҳои нек ва биҳишт ба пеш мебарӣ, ва ҳар киро хоҳӣ аз кори неку биҳишт ақиб меандозӣ. Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест”.
0:000:00
9 / 94
﴿اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَن تَشَاءُ وَتَنزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ وَتُعِزُّ مَن تَشَاءُ وَتُذِلُّ مَن تَشَاءُ بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ٢٦ تُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَتُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ وَتُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَتُخْرِجُ الَمَيِّتَ مِنَ الْحَيِّ وَتَرْزُقُ مَن تَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَاب﴾
(Бор Илоҳо, эй Фармонравои ҳастӣ, ҳар киро бихоҳӣ, ҳукумат мебахшӣ ва аз ҳар ки бихоҳӣ, ҳукуматро бозпас мегирӣ; ва ба ҳар ки бихоҳӣ, иззат [-у қудрат] медиҳӣ ва ҳар киро бихоҳӣ, хор медорӣ. [Парвардигоро] Хубӣ ба дасти Туст ва бе гумон, Ту бар ҳар чизе тавоноӣ. Шабро ба рӯз дармеоварӣ ва рӯзро ба шаб дармеоварӣ [ва аз тӯли яке мекоҳӣ ва бар дигаре меафзоӣ] ва [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон берун меоварӣ [рӯйиши гиёҳ аз дона] ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозӣ [берун омадани тухм аз паррандагон] ва ба ҳар ки бихоҳӣ, бешумор рӯзӣ медиҳӣ) ( Ду оят аз сураи Оли Имрон (26-27), ва дар аввали оят калимаи (Қул) қасдан зикр нашудааст ва он ишорат бар аввали дуо будан аст.)
0:000:00
10 / 94
«اللهُمَّ رَبَّ السَّمَوَاتِ وَرَبَّ الْأَرْضِ وَرَبَّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ، رَبَّنَا وَرَبَّ كُلِّ شَيْءٍ، فَالِقَ الْحَبِّ وَالنَّوَى، وَمُنْزِلَ التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ وَالْفُرْقَانِ، أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ كُلِّ شَيْءٍ أَنْتَ آخِذٌ بِنَاصِيَتِهِ، اللهُمَّ أَنْتَ الْأَوَّلُ فَلَيْسَ قَبْلَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الْآخِرُ فَلَيْسَ بَعْدَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الظَّاهِرُ فَلَيْسَ فَوْقَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الْبَاطِنُ فَلَيْسَ دُونَكَ شَيْءٌ، اقْضِ عَنَّا الدَّيْنَ، وَأَغْنِنَا مِنَ الْفَقْرِ»
“Эй Аллоҳ, Парвардигори осмонҳо ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳама чиз, шикофандаи дона ва ҳаста ва нозилкунандаи Тавроту Инҷил ва Фурқон (Қуръон)! Ба Ту паноҳ металабам аз бадии ҳама чиз, ки пешонии ӯ дар дасти Туст. Эй Аллоҳ! Ту аввал ҳастӣ, пеш аз Ту чизе нест ва Ту охир ҳастӣ, баъд аз Ту чизе нест ва зоҳиру ошкор ҳастӣ, ва ҳеҷ чизе ошкортар аз Ту нест, ва Ту пинҳон ҳастӣ, ҳеҷ чизе пинҳонтар аз Ту нест. Қарзҳои моро бипардоз ва моро аз фақру нодори бениёз бигардон”.
0:000:00
11 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أُشْهِدُكَ وَأُشْهِدُ مَلَائِكَتَكَ وَحَمَلَةَ عَرْشِكَ، وَأُشْهِدُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ، أَنَّكَ أَنْتَ اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ وَحْدَكَ لَا شَرِيكَ لَكَ، وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُكَ وَرَسُولُكَ»
“Эй Аллоҳ! Туро ва Фариштагону ҳомилони Арш ва тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, гувоҳ мегирам, ба ин, ки бешак Ту Аллоҳ ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, ягона ҳастӣ ва шарике барои Ту нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фаристодаи Туст”.
0:000:00
12 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ بِأَنِّي أَشْهَدُ أَنَّكَ أَنْتَ اللَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ أَنْتَ الأَحَدُ الصَّمَدُ، الَّذِي لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ وَلَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوًا أَحَدٌ»
“Эй Аллоҳ! Аз Ту мехоҳам ба воситаи шаҳодат доданам ба ин, ки Ту бешак Аллоҳе ҳастӣ, ки маъбуди (барҳақе) ҷуз Ту нест. Ягона ва бениёз ҳаст, ки на таваллуд карда, ва на аз касе зоида шуда, ва касе ҳамтои Ӯ нест”. ( Дар ҳадис ворид шудааст, ки ин дуо ҳамон Исм-Аллоҳи аъзам аст (Номи бузурги Аллоҳ) номе ки касе бо он дуо кунад, дуояшро Худованд иҷобат мекунад, ва касе бо ин ном чизе аз Худованд талаб кунад, Худованд ӯро медиҳад).
0:000:00
13 / 94
«لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ الْعَظِيمُ الْحَلِيمُ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ رَبُّ السَّمَاوَاتِ وَرَبُّ الْأَرْضِ وَرَبُّ الْعَرْشِ الْكَرِيمِ»
“Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳи бузургу ҳалим нест. Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ, Парвардигори Арши бузург нест. Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ, Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори Арши карим, нест”.
0:000:00
14 / 94
«اللَّهُ، اللَّهُ رَبِّي لَا أُشْرِكُ بِهِ شَيْئًا»
“Аллоҳ, Аллоҳ, Парвардигори ман, ба Ӯ чизеро шарик намесозам”.
0:000:00
15 / 94
«لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، اللهُ أَكْبَرُ كَبِيرًا، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ كَثِيرًا، سُبْحَانَ اللهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ، لَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ»
“Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) нест, магар Аллоҳ, яктост ва шарике надорад, ва аз ҳама чизу ҳама кас бузургтар аст, ва ҳамду ситоиши зиёд мар Ӯрост. Поку муназзаҳ аст Парвардигори ҷаҳониён, ҳеҷ ҳаракату нерӯе нест, магар ба (тавфиқи) Аллоҳи ғолибу бо ҳикмат”.
0:000:00
16 / 94
«لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ، وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، سُبْحَانَ اللَّهِ، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ، وَلَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ، وَلَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ الْعَلِيِّ الْعَظِيمِ»
“Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона ҳаст, ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст, ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Муназзаҳу пок аст ва ҳамду ситоиш барои Ӯст, ва ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад, ва Аллоҳ бузург аст, ва ҳеҷ ҳаракату нерӯе нест, магар ба (тавфиқи) Аллоҳи баландмартаба ва бузург”.
0:000:00
17 / 94
«لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَحْدَهُ، أَنْجَزَ وَعْدَهُ، وَنَصَرَ عَبْدَهُ، وَهَزَمَ الْأَحْزَابَ وَحْدَهُ»
"Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ, ягона аст, ба ваъдааш вафо намуд, ва бандаашро нусрату пирӯзи дод, ва Ӯ худ аҳзобро шикаст дод". Ривояти Муслим (1218)
0:000:00
18 / 94
«اللَّهُمَّ أَنْتَ رَبِّي لاَ إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ، خَلَقْتَنِي وَأَنَا عَبْدُكَ، وَأَنَا عَلَى عَهْدِكَ وَوَعْدِكَ مَا اسْتَطَعْتُ، أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا صَنَعْتُ، أَبُوءُ لَكَ بِنِعْمَتِكَ عَلَيَّ، وَأَبُوءُ لَكَ بِذَنْبِي فَاغْفِرْ لِي، فَإِنَّهُ لاَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ»
“Эй Аллоҳ! Ту Парвардигори ман ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, манро офаридӣ ва ма-н бандаи Ту ҳастам, ва ман бар аҳду паймоне, ки бо Ту бастаам, дар ҳадду тавонам пойбанд ҳастам, ба Ту паноҳ мебарам аз шарри он чӣ анҷом додаам. Ба неъматҳое, ки бар ман додаӣ, эътироф мекунам, ва ба гуноҳонам низ эътироф мекунам, пас маро бибахш, бетардид гуноҳро ҷуз Ту касе намебахшад”.
0:000:00
19 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ بِأَنَّ لَكَ الْحَمْدُ، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ الْمَنَّانُ، بَدِيعُ السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضِ، يَا ذَا الْجَلَالِ وَالْإِكْرَامِ، يَا حَيُّ يَا قَيُّومُ»
“Эй Аллоҳ! Аз Ту мехоҳам ба воситаи эътирофам ба ин, ки ҳамду ситоиш барои Туст, ҳеҷ маъбуди (барҳақе) ҷуз Ту нест. Неъматдиҳандаи фаровонӣ, холиқи осмонҳову замин, эй соҳиби шукуҳу бузургворӣ, эй зиндаи пойдору побарҷо”. ( Дар ҳадис ворид шудааст, ки ин дуо ҳамон номи бузурги Аллоҳ (Исм-ул-Аллоҳи аъзам اسم الله الأعظم) аст, номе ки касе бо он дуо кунад, дуояшро Худованд иҷобат мекунад, ва касе бо ин ном чизе аз Худованд талаб кунад, Худованд ӯро медиҳад).
0:000:00
20 / 94
«سُبْحَانَكَ مَا أَعْظَمَكَ رَبَّنَا»
“Поку муназзаҳ ҳастӣ (эй Аллоҳ), чӣ қадар бузург ҳастӣ эй Парвардигори мо”. Ривояти Табаронӣ дар "Авсат" (7324), Ва Албонӣ дар "Тарғиб" саҳеҳаш гуфтааст.
0:000:00
21 / 94
«سُبْحَانَ ذِي الْجَبَرُوتِ وَالْمَلَكُوتِ وَالْكِبْرِيَاءِ وَالْعَظَمَةِ»
"Пок аст соҳиби султа ва мулки осмонҳо ва бузургиву азамат" Ривояти Аҳмад (6/24) ва Абудовуд (873), Ва Албонӣ дар " Мишкотул-масобиҳ" (1/192) саҳеҳаш гуфтааст.
0:000:00
22 / 94
«اللَّهُ أَكْبَرُ - ثَلَاثًا - ذُو الْمَلَكُوتِ وَالْجَبَرُوتِ وَالْكِبْرِيَاءِ وَالْعَظَمَةِ»
"Аллоҳ бузург аст – се маротиба - соҳиби мулки осмонҳо ва султа ва бузургиву азамат"
0:000:00
23 / 94
«اللهُ أَكْبَرُ كَبِيرًا، وَالْحَمْدُ لِلَّهِ كَثِيرًا، وَسُبْحَانَ اللهِ بُكْرَةً وَأَصِيلًا»
“Аллоҳ аз ҳама чизу аз ҳама кас бисёр бузург аст, ва ҳамду ситоиши фаровон барои Аллоҳ аст, ва дар ҳар субҳу шом Аллоҳ поку муназзаҳ ҳаст”.
0:000:00
24 / 94
(اللَّهُمَّ صَلِّ وَسَلّم عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ)
Барои дуокунанда мустаҳаб аст, ки баъди ҳамду санои Худованд, дуруд ва салом бар Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) бифиристад. (Эй Аллоҳ! Бар Муҳаммад ва хонадону асҳоби Муҳаммад дурӯд бифирист, ҳамон гуна, ки бар Иброҳим ва хонадону асҳоби Иброҳим дурӯд фиристодаӣ. Бешак ту сазовори ситоиш ва бузургворӣ ҳастӣ).
0:000:00
25 / 94
﴿حَسْبِيَ اللّهُ لا إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَهُوَ رَبُّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ﴾ [التوبة: ۱٢٩]
(Аллоҳ барои ман кофист, ҳеҷ маъбуди (баҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Бар Ӯ таваккал намудам, ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст).
Сарчашма: التوبة: ۱٢٩
0:000:00
26 / 94
﴿لا إِلَهَ إِلا أَنْتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ﴾ [الأنبياء: ٨٧]
(Ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, поку муназзаҳ ҳастӣ. Бешак ман аз ҷумлаи ситамкорон будаам) (Анбиё 87).
Сарчашма: Анбиё 87
0:000:00
27 / 94
﴿رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاةِ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاءِ﴾ [إبراهيم: ٤۰]
(Парвардигорам! Ман ва фарзандонамро барподорандаи намоз қарор деҳ. Эй Паврадигори мо! Дуои моро қабул фармо) [Иброҳим: 40].
Сарчашма: Иброҳим: 40
0:000:00
28 / 94
﴿رَبِّ هَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاءِ﴾ [آل عمران: ۳٨]
(Парвардигоро, аз ҷониби хеш фарзанди поку писандида ба ман ато кун, [ки] бе тардид, Ту шунавандаи дуоӣ) (Оли Имрон 38)
Сарчашма: Оли Имрон 38
0:000:00
29 / 94
﴿رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِي أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَانْصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ﴾ [آل عمران: ۱٤٧]
(Эй Парвардигори мо! Аз гуноҳону зиёдаравии мо, даргузар ва гомҳои моро устувор бидор, ва моро бар гуруҳи кофирон пирӯз гардон). [Оли Имрон: 147].
Сарчашма: Оли Имрон: 147
30 / 94
﴿رَّبِّ اغْفِرْ وَارْحَمْ وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ﴾ [المؤمنون: ۱۱٨]
(Эй Парвардигори ман! Бибахш ва раҳм фармо, ва Ту беҳтарин раҳмкунанда ҳастӣ). [Мӯъминун: 118].
Сарчашма: Мӯъминун: 118
0:000:00
31 / 94
﴿رَبِّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي فَاغْفِرْ لِي﴾ [القصص: ۱٦]
(Эй Парвардигори ман! Бешак ба ман худ ситам намудам, пас маро бибахш). [Қасас: 16].
Сарчашма: Қасас: 16
0:000:00
32 / 94
﴿رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْراً وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَانْصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ﴾ [البقرة: ٢٥۰]
(Парвардигори мо!, бар [дилҳои] мо сабру шикебоӣ фурӯ рез ва гомҳоямонро устувор бидор ва моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон) ( Бақара 250)
Сарчашма: Бақара 250
0:000:00
33 / 94
﴿رَبَّنَا لا تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّابُ﴾ [آل عمران: ٨]
(Парвардигори мо! Дилҳоямонро баъд аз он, ки моро ҳидоят намудӣ, мунҳариф магардон, ва аз назди Худат бароямон раҳмате арзонӣ фармо. Бешак Ту бисёр бахшанда ҳастӣ). (Оли Имрон: 8).
Сарчашма: Оли Имрон: 8
0:000:00
34 / 94
﴿رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي ٢٥ وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي ٢٦﴾ [طـه: ٢٥-٢٦]
(Парвардигоро, бар [ҳавсала ва] шикебоиям бияфзо, Ва корамро бароям осон гардон) (Тоҳо 25-26)
Сарчашма: Тоҳо 25-26
0:000:00
35 / 94
﴿مَسَّنِي الضُّرُّ وَأَنْتَ أَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ﴾ [الأنبياء: ٨۳]
(“Ранҷ [-у беморӣ] ба ман расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ) (Анбиё 83)
Сарчашма: Анбиё 83
0:000:00
36 / 94
﴿رَبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَاتِ الشَّيَاطِينِ ٩٧ وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَنْ يَحْضُرُونِ ٩٨﴾ [المؤمنون: ٩٧-٩٨]
(Парвардигоро, ман аз васвасаҳои шаётин ба Ту паноҳ мебарам. (97) Ва Парвардигоро, аз ин ки онҳо назди ман ҳозир шаванд, [низ] ба Ту паноҳ мебарам) ( Муъминун 97-98)
Сарчашма: Муъминун 97-98
0:000:00
37 / 94
﴿رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَاماً﴾ [الفرقان: ٦٥]
(Парвардигоро, азоби дузахро аз мо бозгардон, [ки] бе тардид, азобаш [сахту] пойдор аст). ( Фурқон 65)
Сарчашма: Фурқон 65
0:000:00
38 / 94
﴿وَسِعَ رَبُّنَا كُلَّ شَيْءٍ عِلْمًا عَلَى اللّهِ تَوَكَّلْنَا رَبَّنَا افْتَحْ بَيْنَنَا وَبَيْنَ قَوْمِنَا بِالْحَقِّ وَأَنتَ خَيْرُ الْفَاتِحِينَ﴾ [الأعراف: ٨٩]
(Илми Парвардигорамон ҳама чизро фаро гирифтааст. Бар Аллоҳ таоло таваккал кардаем. Парвардигоро, миёни мо ва қавмамон ба ҳақ доварӣ кун ва Ту беҳтарин доварӣ) (Аъроф 89)
Сарчашма: Аъроф 89
0:000:00
39 / 94
﴿ارْزُقْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ﴾ [المائدة: ۱۱٤]
(Ба мо рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарин рузидиҳандаӣ) (Моида 114)
Сарчашма: Моида 114
0:000:00
40 / 94
﴿رَبَّنَا آتِنَا مِنْ لَدُنْكَ رَحْمَةً وَهَيِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَداً﴾ [الكهف: ۱۰]
(Парвардигори мо! моро аз ҷониби хеш раҳмате арзонӣ дор ва дар кори [ҳиҷрати] мо бароямон ҳидоят ва наҷот фароҳам соз) (Каҳф 10)
Сарчашма: Каҳф 10
0:000:00
41 / 94
﴿رَبِّ هَبْ لِي حُكْماً وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ﴾ [الشعراء: ٨۳]
(Парвардигоро, ба ман донише [дар дин] бубахш ва маро ба шоистагон мулҳақ кун) (Шуъаро 83)
Сарчашма: Шуъаро 83
0:000:00
42 / 94
﴿رَبِّ زِدْنِي عِلْماً﴾ [طـه: ۱۱٤]
(Парвардигоро, бар донишам бияфзо) (Тоҳо 114)
Сарчашма: Тоҳо 114
0:000:00
43 / 94
﴿رَبِّ إِنِّي لِمَا أَنزَلْتَ إِلَيَّ مِنْ خَيْرٍ فَقِيرٌ﴾ [القصص: ٢٤]
(Парвардигоро, ба ҳар хайре, ки бароям бифиристӣ, сахт ниёзмандам) (Қасас 24)
Сарчашма: Қасас 24
0:000:00
44 / 94
﴿رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَاماً﴾ [الفرقان: ٧٤]
(Парвардигори мо! Аз ҳамсарону фарзандонамон бароямон (мояи хушнӯдӣ ва) равшаноии чашм ато намо, ва моро пешвои парҳезгорон қарор деҳ). [Фурқон: 74].
Сарчашма: Фурқон: 74
0:000:00
45 / 94
﴿رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَدْخِلْنِي بِرَحْمَتِكَ فِي عِبَادِكَ الصَّالِحِينَ﴾ [النمل: ۱٩]
(Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ ба ҷой оварам ва [ёриам кун, то] коре шоистае анҷом диҳам, ки мояи хушнудиат гардад ва ба раҳмати хеш маро дар ҷамъи бандагони шоистаат ворид кун) (Намл 19)
Сарчашма: Намл 19
0:000:00
46 / 94
﴿رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ ١٢٧ وَتُبْ عَلَيْنَا إِنَّكَ أَنْتَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ ١٢٨﴾ [البقرة: ۱٢٧-۱٢٨]
(Эй Парвардигори мо! (аъмоли неки моро) аз мо бипазир, бешак Ту шунаво ва доно ҳастӣ). [Бақара: 127]. (Ва тавбаи моро бипазир, бешак Ту тавбапазиру муҳрубон ҳастӣ) [Бақара: 128].
Сарчашма: Бақара: 128
0:000:00
47 / 94
«اللهُمَّ بَاعِدْ بَيْنِي وَبَيْنَ خَطَايَايَ كَمَا بَاعَدْتَ بَيْنَ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ، اللهُمَّ نَقِّنِي مِنْ خَطَايَايَ كَمَا يُنَقَّى الثَّوْبُ الْأَبْيَضُ مِنَ الدَّنَسِ، اللهُمَّ اغْسِلْنِي مِنْ خَطَايَايَ بِالثَّلْجِ وَالْمَاءِ وَالْبَرَدِ»
"Эй Аллоҳ байни ман ва байни хатоҳоям дури биандоз, ҳамчуноне ки байни машриқ ва мағриб фосила гузоштаи. Худоё манро аз хатоҳоям пок бигардон, ҳамчуноне, ки либоси сафед аз чирк пок мешавад. Худоё манро аз хатоҳоям бо барф, об ва жола бишӯй"
0:000:00
48 / 94
«اللهُمَّ رَبَّ جَبْرَائِيلَ، وَمِيكَائِيلَ، وَإِسْرَافِيلَ، فَاطِرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ، عَالِمَ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ، أَنْتَ تَحْكُمُ بَيْنَ عِبَادِكَ فِيمَا كَانُوا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ، اهْدِنِي لِمَا اخْتُلِفَ فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِكَ، إِنَّكَ تَهْدِي مَنْ تَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ»
“Эй Аллоҳ! Парвардигори Ҷибрил ва Микоилу Исрофил, офарандаи осмонҳо ва замин, донандаи пинҳону ошкор! Ту байни бандаҳо дар он чӣ ихтилоф меварзанд, қазоват мекунӣ, дар он чӣ ихтилоф шудааст, ба хости худат маро ба сӯи ҳақ ҳидоят намо, бешак Ту ҳар киро бихоҳӣ ба роҳи рост ҳидоят менамоӣ”. (Ва ин дуо аз ҷумлаи дуоҳои истифтоҳ дар намоз аст, хусусан дар намози шаб (қиёми лайл). Инчунин дар коре агар шубҳа пайдо шавад, барои ҳақиқатро фаҳмидан ин дуо гуфта мешавад.)
0:000:00
49 / 94
«وَجَّهْتُ وَجْهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ حَنِيفًا، وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ، إِنَّ صَلَاتِي، وَنُسُكِي، وَمَحْيَايَ، وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ، لَا شَرِيكَ لَهُ، وَبِذَلِكَ أُمِرْتُ وَأَنَا مِنَ الْمُسْلِمِينَ، اللهُمَّ أَنْتَ الْمَلِكُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ، أَنْتَ رَبِّي، وَأَنَا عَبْدُكَ، ظَلَمْتُ نَفْسِي، وَاعْتَرَفْتُ بِذَنْبِي، فَاغْفِرْ لِي ذُنُوبِي جَمِيعًا، إِنَّهُ لَا يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ، وَاهْدِنِي لِأَحْسَنِ الْأَخْلَاقِ لَا يَهْدِي لِأَحْسَنِهَا إِلَّا أَنْتَ، وَاصْرِفْ عَنِّي سَيِّئَهَا لَا يَصْرِفُ عَنِّي سَيِّئَهَا إِلَّا أَنْتَ، لَبَّيْكَ وَسَعْدَيْكَ وَالْخَيْرُ كُلُّهُ فِي يَدَيْكَ، وَالشَّرُّ لَيْسَ إِلَيْكَ، أَنَا بِكَ وَإِلَيْكَ، تَبَارَكْتَ وَتَعَالَيْتَ، أَسْتَغْفِرُكَ وَأَتُوبُ إِلَيْكَ»
“Ман чеҳраамро дар ҳоле, ки аз ботил рӯ гардон шудаам, ба сӯи Зоте мутаваҷҷеҳ намудам, ки осмонҳову заминро офарид, ва ман аз зумраи мушрикон нестам. Бешак намозу ибодат ва зиндагию маргам, аз они Парвардигори оламиён аст, ки шарике надорад, ва ба ҳамин амр шудаам, ва ман аз ҷумлаи мусалмонон ҳастам. Эй Аллоҳ! Ту подшоҳ ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест. Ту Парвардигори ман ҳастӣ ва ман бандаи Ту, хештанро ситам намудам ва ба гуноҳам иқрор мекунам, пас тамоми гуноҳонамро бибахш. Бешак ба ҷуз Ту касе гуноҳонро намебахшад, ва маро ба беҳтарин ахлоқ ҳидоят намо, ва ҳеҷ касе ба беҳтарини он ҳидоят намекунад, магар Ту, ва хислатҳои бадро аз ман дур намо, ҳеҷ касе бадиҳои онро дур намекунад, магар Ту. Ман ба боргоҳат ҳозирам ва барои итоат аз Ту омодаам. Ва ҳаргуна хайру накӯӣ дар ихтиёри Туст, бадиро ба сӯи Ту роҳ нест. Ман ба лутфи Ту мавҷудам ва ба сӯи Ту мутаваҷҷеҳам. Ту бисёр бо баракат ва бартар ҳастӣ, аз Ту омӯрзиш мехоҳам ва ба сӯи боргоҳат тавба мекунам”. (Ва ин дуо аз ҷумлаи дуоҳои истифтоҳ дар намоз аст, хусусан дар намози шаб (қиёми лайл).)
0:000:00
50 / 94
«سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا وَبِحَمْدِكَ اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي»
"Эй Аллоҳ! Туро ба поки ёд мекунам, эй Парвардигори мо, ва ситоиш мекунам Туро, Худоё ! Манро биёмурз"
0:000:00
51 / 94
«اللهُمَّ أَعُوذُ بِرِضَاكَ مِنْ سَخَطِكَ، وَبِمُعَافَاتِكَ مِنْ عُقُوبَتِكَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْكَ لَا أُحْصِي ثَنَاءً عَلَيْكَ أَنْتَ كَمَا أَثْنَيْتَ عَلَى نَفْسِكَ»
“Бор Илоҳо! Ман аз хашму ғазаби Ту, ба хушнӯдӣ ва ризояти Ту, ва аз кайфару муҷозотат, ба афву бахшишат, паноҳ мебарам, ва низ аз гирифту муҳосабаи Ту ба Ту паноҳ мебарам. Ман тавону қудрати баёни ҳамду ситоиши Туро надорам, Ту ҳамчуноне ҳастӣ, ки худат ба нафси хеш ҳамду ситоиш намудаӣ”.
0:000:00
52 / 94
«اللهُمَّ اغْفِرْ لِي ذَنْبِي كُلَّهُ دِقَّهُ، وَجِلَّهُ، وَأَوَّلَهُ وَآخِرَهُ وَعَلَانِيَتَهُ وَسِرَّهُ»
“Эй Аллоҳ! Тамоми гуноҳонамро, чӣ кӯчак бошаду чӣ бузург, ва чӣ аввал бошаду чӣ охир ва чӣ ошкор бошаду чӣ пинҳон, бибахш”.
0:000:00
53 / 94
«اللهُمَّ اجْعَلْ لِي فِي قَلْبِي نُورًا، وَفِي لِسَانِي نُورًا، وَفِي سَمْعِي نُورًا، وَفِي بَصَرِي نُورًا، وَمِنْ فَوْقِي نُورًا، وَمِنْ تَحْتِي نُورًا، وَعَنْ يَمِينِي نُورًا، وَعَنْ شِمَالِي نُورًا، وَمِنْ بَيْنِ يَدَيَّ نُورًا، وَمِنْ خَلْفِي نُورًا، وَاجْعَلْ فِي نَفْسِي نُورًا، وَأَعْظِمْ لِي نُورًا»
“Эй Аллоҳ! Дар қалбу забон ва гушу чашм ва зеру боло ва аз тарафи росту чап ва дар пеши рӯ ва пушти сарам, нур қарор бидеҳ, ва дар ҷонам нуреро бияндоз ва нури бузурге бароям қарор деҳ”.
0:000:00
54 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ، وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ، وَمِنْ شَرِّ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ»
"Эй Аллоҳ! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз азоби дӯзах, ва аз азоби қабр, ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг, ба Ту паноҳ мебарам аз бадии фитнаи Масеҳи Даҷҷол”.
0:000:00
55 / 94
«اللَّهُمَّ أَعِنِّي عَلَى ذِكْرِكَ، وَشُكْرِكَ، وَحُسْنِ عِبَادَتِكَ»
“Эй Аллоҳ! Бар зикру шукр ва ибодати накуят, маро ёрӣ расон”.
0:000:00
56 / 94
«اللهُمَّ اغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَمَا أَخَّرْتُ، وَمَا أَسْرَرْتُ وَمَا أَعْلَنْتُ، وَمَا أَسْرَفْتُ، وَمَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، أَنْتَ الْمُقَدِّمُ وَأَنْتَ الْمُؤَخِّرُ، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ»
"Эй Аллоҳ! Гуноҳе, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва гуноҳе, ки осораш пас аз марг ҳамчунон идома меёбад, ва гуноҳоне, ки пинҳон анҷом додам, гуноҳоне, ки ошкор анҷом додаам, ва аз ҳадгузарӣ, ва он чӣ Ту аз ман ба он донотар ҳастӣ, бибахш. Ту Зоте ҳастӣ, ки ба сӯи корҳои нек ва биҳишт ҳидоят мекунӣ, ва ҳар касеро хоҳӣ аз корҳои нек ва биҳишт ба таъхир меандозӣ, ва ҳеҷ маъбуди ростине ҷуз Ту вуҷуд надорад”.
0:000:00
57 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْمَأْثَمِ، وَالْمَغْرَمِ»
“Эй Аллоҳ! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз шарри гуноҳ ва бадеҳкорӣ ва қарздорӣ”.
0:000:00
58 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْجَنَّةَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ النَّارِ»
"Бори Илоҳо! Ман аз Ту биҳиштро талаб дорам, ва аз оташи дӯзах ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
59 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ الْبُخْلِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ الْجُبْنِ وَأَعُوذُ بِكَ أَنْ أُرَدَّ إِلَى أَرْذَلِ الْعُمُرِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الدُّنْيَا وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ»
Эй Аллоҳ! Ман бар Ту паноҳ мебарам аз бахили ва хасисӣ, ва ба Ту паноҳ мебарам аз тарс, ва ба Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ба марҳалаи пастии умр бирасам, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи дунё, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи дунё, ва ба Ту паноҳ мебарам аз азоби қабр”.
0:000:00
60 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي ظَلَمْتُ نَفْسِي ظُلْمًا كَثِيرًا وَلَا يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ، فَاغْفِرْ لِي مَغْفِرَةً مِنْ عِنْدِكَ، وَارْحَمْنِي إِنَّكَ أَنْتَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ»
"Эй Аллоҳ! Бешак ман ба хештан ситами бисёр намудам, ва ба ҷуз Ту касе гуноҳонро намебахшад, пас маро аз назди худат бибахш ва маро раҳм намо, бешак Ту бахшандаи меҳрубон ҳастӣ”.
0:000:00
61 / 94
«اللَّهُمَّ حَاسِبْنِي حِسَابًا يَسِيرًا»
“Эй Аллоҳ! Суолу ҷавоби маро осон бигардон”.
0:000:00
62 / 94
«رَبِّ قِنِي عَذَابَكَ يَوْمَ تَبْعَثُ عِبَادَكَ»
“Эй Аллоҳ! Дар он рӯзе, ки бандагонатро бармеангезӣ, аз азобат маро муҳофизат кун”.
0:000:00
63 / 94
«اللَّهُمَّ رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً، وَفِي الآخِرَةِ حَسَنَةً، وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ»
“Эй Аллоҳ! Парвардигори мо! Дар дунё ва охират бар мо накӯӣ ато фармо, ва моро аз оташи дӯзах наҷот деҳ”. (Ва бештари дуои Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ин буд.)
0:000:00
64 / 94
«اللهُمَّ اغْفِرْ لِي، وَارْحَمْنِي، وَاهْدِنِي، وَعَافِنِي، وَارْزُقْنِي»
"Эй Аллоҳ! Маро бибахш ва раҳм кун, ва ба роҳи рост ҳидоятам намо, ва офият (тандурустӣ)-ро насибам гардон, ва рӯзиям бидеҳ”.
0:000:00
65 / 94
«اللَّهمَّ اكفني بِحلالِكَ عن حرامِكَ، وأغنِني بِفَضلِكَ عَمَّن سواكَ»
“Эй Аллоҳ! Бо ҳалолат аз харом маро кифоят намо, ва бо фазлу марҳаматат аз ғайри Худат маро бениёз гардон”.
0:000:00
66 / 94
«اللهُمَّ مُصَرِّفَ الْقُلُوبِ صَرِّفْ قُلُوبَنَا عَلَى طَاعَتِكَ» «يَا مُقَلِّبَ القُلُوبِ ثَبِّتْ قَلْبِي عَلَى دِينِكَ»
“Эй Аллоҳ! Эй гардонандаи дилҳо! Дилҳои моро ба сӯи тоат ва фармобардории Худат мунсариф бигардон”. “Эй Аллоҳ! Эй гардонандаи қалбҳо! Қалби маро бар дини худат устувор бидор”. (Ин дуо барои устувор мондан бар ҳақ аст, Ва бештари дуои Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) буд.)
0:000:00
67 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنَ الْخَيْرِ كُلِّهِ عَاجِلِهِ وَآجِلِهِ، مَا عَلِمْتُ مِنْهُ وَمَا لَمْ أَعْلَمْ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ الشَّرِّ كُلِّهِ، عَاجِلِهِ وَآَجِلِهِ مَا عَلِمْتُ مِنْهُ، وَمَا لَمْ أَعْلَمْ، اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ خَيْرِ مَا سَأَلَكَ عَبْدُكَ وَنَبِيُّكَ مُحَمَّدٌ (صلی الله علیه وسلم)، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا عَاذَ مِنْهُ عَبْدُكَ وَنَبِيُّكَ، اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْجَنَّةَ وَمَا قَرَّبَ إِلَيْهَا مِنْ قَوْلٍ أَوْ عَمَلٍ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ النَّارِ وَمَا قَرَّبَ إِلَيْهَا مِنْ قَوْلٍ أَوْ عَمَلٍ، وَأَسْأَلُكَ أَنْ تَجْعَلَ كُلَّ قَضَاءٍ تَقْضِيهِ لِي خَيْرًا»
“Эй Аллоҳ! Аз Ту тамоми хӯбиҳоро хоҳонам, хубиҳои зудҳангом ва ояндаро ва хубиҳоеро, ки медонам ва намедонам. Ва аз тамоми бадӣ ба Ту паноҳ мебарам, бадиҳои зудҳангом ва ояндаро ва бадиҳоеро, ки медонам ва намедонам. Эй Аллоҳ! Ман аз Ту хубиеро мехоҳам, ки Бандаат ва Паёмбарат (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) онро аз Ту хостааст, ва паноҳ мебарам бар Ту аз бадие, ки Банда ва Паёмбарат (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аз он ба Ту паноҳ бурдааст. Эй Аллоҳ! Аз Ту ҷаннат ва ҳар қавлу амале, ки ба он наздик месозад, хоҳонам, ва ба Ту паноҳ мебарам аз оташи дӯзах ва он қавлу амале, ки ба он наздик месозад. Ва аз Ту мехоҳам, ин, ки ҳар қазо ва қадаре, ки бар ман файсала намудаӣ, онро бароям хайр бигардонӣ”.
0:000:00
68 / 94
«يا حيُّ يا قيُّومُ برحمتِك أستغيثُ، أَصلِحْ لي شأني كلَّه، ولا تَكِلْني إلى نفسي طرفةَ عَيْنٍ»
“Эй ҳамеша зинда ва эй ҳамеша поянда! Бо (тавассул) ба раҳмати Ту аз Ту кӯмак металабам. Тамоми кору борамро ислоҳ гардон, ва як мижа задан ҳам маро бар нафси худам вогузор макун”.
0:000:00
69 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي عَبْدُكَ ابْنُ عَبْدِكَ ابْنُ أَمَتِكَ نَاصِيَتِي بِيَدِكَ مَاضٍ فِيَّ حُكْمُكَ عَدْلٌ فِيَّ قَضَاؤُكَ، أَسْأَلُكَ بِكُلِّ اسْمٍ هُوَ لَكَ سَمَّيْتَ بِهِ نَفْسَكَ أَوْ أَنْزَلْتَهُ فِي كِتَابِكَ أَوْ عَلَّمْتَهُ أَحَدًا مِنْ خَلْقِكَ أَوِ اسْتَأْثَرْتَ بِهِ فِي عِلْمِ الْغَيْبِ عِنْدَكَ أَنْ تَجْعَلَ الْقُرْآنَ رَبِيعَ قَلْبِي وَنُورَ صَدْري وَجِلَاءَ حُزْنِي وَذَهَابَ هَمِّي»
“Эй Аллоҳ! Ман бандаи Ту, фарзанди бандаи Ту, ва фарзанди канизи Ту, ҳастам. Пешонӣ ва зимоми умури ман дар дасти Туст, қазовати Ту дар ҳаққи ман адолат аст. Аз Ту бо ҳар номе, ки ба он хешро номидаӣ, ва ё онро дар китобат нозил намудаӣ, ва ё ба яке аз бандагонат омухтаӣ, ва ё дар назди худат дар илми ғайб онро нигаҳ доштаӣ, аз Ту мехоҳам, ки Қуръони Каримро баҳори дил ва нури биноӣ ва ҷалои ғаму андӯҳам, қарор диҳӣ”.
0:000:00
70 / 94
«اللَّهُمَّ لَا سَهْلَ إِلَّا مَا جَعَلْتَهُ سَهْلًا، وَأَنْتَ تَجْعَلُ الْحَزْنَ سَهْلًا إِذَا شِئْتَ»
"Эй Аллоҳ! Осоние нест, магар ончи Ту онро осон гардони, ва агар Ту бихоҳи мушкилиро осон мегардонӣ"
0:000:00
71 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْهُدَى وَالتُّقَى، وَالْعَفَافَ وَالْغِنَى»
“Эй Аллоҳ! Аз Ту ҳидояту парҳезгорӣ ва покизагию бениёзӣ хоҳонам”.
0:000:00
72 / 94
«اللَّهُمَّ اهْدِنِي، وَسَدِّدْنِي»
“Эй Аллоҳ! Маро ҳидоят кун, ва росту собитқадам нигаҳ дор”.
0:000:00
73 / 94
«اللهُمَّ أَصْلِحْ لِي دِينِي الَّذِي هُوَ عِصْمَةُ أَمْرِي، وَأَصْلِحْ لِي دُنْيَايَ الَّتِي فِيهَا مَعَاشِي، وَأَصْلِحْ لِي آخِرَتِي الَّتِي فِيهَا مَعَادِي، وَاجْعَلِ الْحَيَاةَ زِيَادَةً لِي فِي كُلِّ خَيْرٍ، وَاجْعَلِ الْمَوْتَ رَاحَةً لِي مِنْ كُلِّ شَرٍّ»
“Эй Аллоҳ! Динамро, ки он ҳифозаткунандаи амри ман аст, ислоҳ намо, ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман қарор дорад, ислоҳ гардон, ва охиратамро, ки бозгаштам ба сӯи он аст, ислоҳ гардон, ва зиндагиямро боиси афзоиши корҳои нек бигардон, ва маргро аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ”.
0:000:00
74 / 94
«اللَّهُمَّ إِنَّكَ عُفُوٌّ تُحِبُّ الْعَفْوَ فَاعْفُ عَنِّي»
“Эй Аллоҳ! Ту бахшанда ҳастӣ ва афву даргузаштанро дӯст медорӣ, пас аз ман даргузар”.
0:000:00
75 / 94
«اللهُمَّ اقْسِمْ لَنَا مِنْ خَشْيَتِكَ مَا تَحُولُ بَيْنَنَا وَبَيْنَ مَعَاصِيكَ، وَمَنْ طَاعَتِكَ مَا تُبَلِّغُنَا بِهِ جَنَّتَكَ، وَمَنَ الْيَقِينِ مَا تُهَوِّنُ عَلَيْنَا مَصَائِبَ الدُّنْيَا، اللهُمَّ أَمْتِعْنَا بِأَسْمَاعِنَا، وَأَبْصَارِنَا، وَقُوَّتِنَا مَا أَحْيَيْتَنَا، وَاجْعَلْهُ الْوَارِثَ مِنَّا، وَاجْعَلْ ثَأْرَنَا عَلَى مَنْ ظَلَمْنَا، وَانْصُرْنَا عَلَى مَنْ عَادَانَا، وَلَا تَجْعَلْ مُصِيبَتَنَا فِي دِينِنَا، وَلَا تَجْعَلِ الدُّنْيَا أَكْثَرَ هَمِّنَا، وَلَا مَبْلَغَ عِلْمِنَا، وَلَا تُسَلِّطْ عَلَيْنَا مَنْ لَا يَرْحَمُنَا»
“Эй Аллоҳ! Аз тарсу хашятат ба андозае насибамон гардон, ки байни мо ва маъсияти Ту монеъ шавад, ва аз тоати хеш он қадар ба мо насиб гардон, ки моро ба ҷаннатат бирасонад, ва аз яқини хеш ба қадре насибамон гардон, ки ба сабаби он то замоне, ки зинда ҳастем, мусибатҳои дунёро бар мо осон намояд, ва моро аз гӯшҳо ва чашмҳо ва қувватамон бархурдор бигардон, то даме, ки моро зинда медорӣ, ва онро вориси мо қарор деҳ, ва интиқоми моро бар касе қарор деҳ, ки моро зулм намудааст ва сабаби мусибат дар дини мо шудааст, ва дунёро бузургтарин ҳадафи мо қарор мадеҳ, ва на онро поёни илму донишамон гардон, ва бар мо касеро мусаллат магардон, ки бар мо раҳм намекунад”.
0:000:00
76 / 94
«رَبِّ أَعِنِّي وَلاَ تُعِنْ عَلَيَّ، وَانْصُرْنِي وَلاَ تَنْصُرْ عَلَيَّ، وَامْكُرْ لِي وَلاَ تَمْكُرْ عَلَيَّ، وَاهْدِنِي وَيَسِّرِ الهُدَى لِي، وَانْصُرْنِي عَلَى مَنْ بَغَى عَلَيَّ، رَبِّ اجْعَلْنِي لَكَ شَكَّارًا، لَكَ ذَكَّارًا، لَكَ رَهَّابًا، لَكَ مِطْوَاعًا، لَكَ مُخْبِتًا، إِلَيْكَ أَوَّاهًا مُنِيبًا، رَبِّ تَقَبَّلْ تَوْبَتِي، وَاغْسِلْ حَوْبَتِي، وَأَجِبْ دَعْوَتِي، وَثَبِّتْ حُجَّتِي، وَسَدِّدْ لِسَانِي، وَاهْدِ قَلْبِي، وَاسْلُلْ سَخِيمَةَ صَدْرِي»
“Парвардигоро! Маро ёрӣ расон, ва бар муқобили ман ёрӣ марасон, ва маро кӯмак бикун ва бар муқобили ман нусрат мадеҳ, ва барои ман чораҳо андеш ва бар муқобили ман чора маяндеш, ва маро ҳидоят кун ва ҳидоятро бар ман осон намо, ва дар муқобили касе, ки бар ман туғён намудааст, кӯмакам намо ва нусратам деҳ. Парвардигоро! Маро бар Худат бисёр шукркунанда ва бисёр зикркунанда ва бисёр тарсону мутеъ ва бисёр дуокунанда, ва ба сӯи худат бозгарданда, қарор бидеҳ. Эй Парвардигор! Тавбаи манро қабул фармо, ва андуҳи манро бишӯ, ва дуоямро иҷобат кун, ва ҳуҷҷату далеламро мустаҳкам гардон, ва забонамро собит бигардон, ва қалбамро ҳидоят намо, ва палидиро аз синаам хориҷ бигардон”.
0:000:00
77 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ فِعْلَ الخَيْرَاتِ، وَتَرْكَ الْمُنْكَرَاتِ، وَحُبَّ الْمَسَاكِينِ، وَأَنْ تَغْفِرَ لِي وَتَرْحَمَنِي، وَإِذَا أَرَدْتَ فِتْنَةً فِي قَوْمٍ فَتَوَفَّنِي غَيْرَ مَفْتُونٍ، وَأَسْأَلُكَ حُبَّكَ وَحُبَّ مَنْ يُحِبُّكَ، وَحُبَّ عَمَلٍ يُقَرِّبُ إِلَى حُبِّكَ»
“Эй Аллоҳ! Ман аз Ту тавфиқи корҳои хайру шоиста, ва тарки корҳои зишту палид ва дӯстдории масокинро хоҳонам. Ва ҳамчунин аз Ту мехоҳам, ки гуноҳони маро бибахшӣ, ва маро шомили раҳмати хеш намоӣ, ва чун хостӣ бандагонатро фитна ва озмоише намоӣ, пас маро ба сӯи хеш бимирон бидуни ин, ки гирифтори фитнае шуда бошам. Эй Аллоҳ! Ман муҳаббати Ту ва муҳаббати касе, ки Туро дӯст медорад ва муҳаббати амале, ки ба муҳаббатат наздик месозад, аз Худат хоҳонам”. (Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи ин дуоҳо мегӯяд: Инҳо дуоҳои ҳақ ҳастанд, онҳоро мутолиъа намоед ва биёмӯзед)
0:000:00
78 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الثَّبَاتَ فِي الْأَمْرِ، وَالْعَزِيمَةَ عَلَى الرُّشْدِ، وَأَسْأَلُكَ مُوجِبَاتِ رَحْمَتِكَ، وَعَزَائِمَ مَغْفِرَتِكَ، وَأَسْأَلُكَ شُكْرَ نِعْمَتِكَ، وَحُسْنَ عِبَادَتِكَ، وَأَسْأَلُكَ قَلْبًا سَلِيمًا، وَلِسَانًا صَادِقًا، وَأَسْأَلُكَ مِنْ خَيْرِ مَا تَعْلَمُ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا تَعْلَمُ، وَأَسْتَغْفِرُكَ لِمَا تَعْلَمُ، إِنَّكَ أَنْتَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ»
“Эй Аллоҳ! Ман аз Ту суботу устуворӣ дар кор, ва ҳиммат дар ҳидояту рушд, хоҳонам. Аз Ту он чӣ сабаби раҳматат мешавад, ва асбоби мағфирататро хоҳонам, ва аз Ту шукри неъмат ва ибодати беҳтаратро хоҳонам, ва аз Ту қалби солим ва забони содиқу ростгӯ, хоҳонам, ва аз Ту хубие хоҳонам, ки медонӣ, ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадие, ки медонӣ, ва аз Ту талаби мағфират мекунам аз он чӣ медонӣ. Бешак Ту донандаи ғайбҳо ҳастӣ”.
0:000:00
79 / 94
«اللَّهُمَّ اهْدِنِي فِيمَنْ هَدَيْتَ، وَعَافِنِي فِيمَنْ عَافَيْتَ، وَتَوَلَّنِي فِيمَنْ تَوَلَّيْتَ، وَبَارِكْ لِي فِيمَا أَعْطَيْتَ، وَقِنِي شَرَّ مَا قَضَيْتَ، إِنَّكَ تَقْضِي وَلَا يُقْضَى عَلَيْكَ، إِنَّهُ لَا يَذِلُّ مَنْ وَالَيْتَ، وَلَا يَعِزُّ مَنْ عَادَيْتَ، تَبَارَكْتَ رَبَّنَا وَتَعَالَيْتَ»
“Эй Аллоҳ! Маро дар ҷумлаи касоне қарор деҳ, ки онҳоро ҳидоят намудаӣ, ва касоне, ки онҳоро офият бахшидаӣ, ва маро дар зумраи касоне қарор деҳ, ки онҳоро дӯсти хеш қарор додаӣ, ва дар он чӣ бар ман додаӣ, баракат ато намо ва аз бадии он чӣ қазоват кардаӣ, маро ҳифз намо. Пас бешак Ту қазоват мекунӣ ва бар Ту қазоват карда намешавад. Бешак касеро, ки дӯст гирифтаӣ, гумроҳ нахоҳад шуд, ва касеро, ки душман гирифтаӣ, боиззату бокаромат нахоҳад шуд. Парвардигоро! Бисёр бобаракат ва баландмартаба ҳастӣ”.
0:000:00
80 / 94
«اللَّهُمَّ بِعِلْمِكَ الْغَيْبَ، وَقُدْرَتِكَ عَلَى الْخَلْقِ، أَحْيِنِي مَا عَلِمْتَ الْحَيَاةَ خَيْرًا لِي، وَتَوَفَّنِي إِذَا عَلِمْتَ الْوَفَاةَ خَيْرًا لِي، وَأَسْأَلُكَ خَشْيَتَكَ فِي الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ، وَكَلِمَةَ الْإِخْلَاصِ فِي الرِّضَا وَالْغَضَبِ، وَأَسْأَلُكَ نَعِيمًا لَا يَنْفَدُ، وَقُرَّةَ عَيْنٍ لَا تَنْقَطِعُ، وَأَسْأَلُكَ الرِّضَاءَ بِالْقَضَاءِ، وَبَرْدَ الْعَيْشِ بَعْدَ الْمَوْتِ، وَلَذَّةَ النَّظَرِ إِلَى وَجْهِكَ، وَالشَّوْقَ إِلَى لِقَائِكَ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ ضَرَّاءَ مُضِرَّةٍ، وَفِتْنَةٍ مُضِلَّةٍ، اللَّهُمَّ زَيِّنَّا بِزِينَةِ الْإِيمَانِ، وَاجْعَلْنَا هُدَاةً مُهْتَدِينَ»
"Эй Аллоҳ! Ба воситаи илми ғайби хеш ва қудрату тавоноият бар халқ (аз Ту мехоҳам) маро зинда бидорӣ, агар зиндагиро бароям хайр медонӣ, ва маро бимирон, агар марг бароям беҳтар бошад. Эй Аллоҳ! Дар ҳолати пинҳону ошкор хашяти Туро аз Ту хоҳонам, ва аз Ту сухани ҳақ ва адлу инсоф дар ҳолати ғазабу ризо талаб дорам, ва неъмате аз Ту хоҳонам, ки бепоён бошад, ва нури чашме аз Ту мехоҳам, ки қатъ нагардад, ва ризогии Туро баъд аз тақдир хоҳонам, ва зиндагии осӯда ва оромро баъд аз марг аз ту хоҳонам, ва лаззати нигоҳ кардан ба чеҳраи муборакатро ва шавқи мулоқотатро аз Ту хоҳонам, ва паноҳ мебарам ба Ту аз мусибати зиёновар ва балои гумроҳкунанда. “Эй Аллоҳ! Бо зиннати имон моро зиннат бибахш, ва моро аз ҷумлаи ҳидояткунандагони ҳидоятёфта қарор бидеҳ”.
0:000:00
81 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الْعَافِيَةَ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ، اللَّهُمَّ أَسْأَلُكَ الْعَفْوَ وَالْعَافِيَةَ فِي دِينِي وَدُنْيَايَ وَأَهْلِي وَمَالِي، اللَّهُمَّ اسْتُرْ عَوْرَاتِي، وَآمِنْ رَوْعَاتِي، اللَّهُمَّ احْفَظْنِي مِنْ بَيْنِ يَدَيَّ، وَمِنْ خَلْفِي، وَعَنْ يَمِينِي، وَعَنْ شِمَالِي، وَمِنْ فَوْقِي، وَأَعُوذُ بِعَظَمَتِكَ أَنْ أُغْتَالَ مِنْ تَحْتِي»
“Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират офият хоҳонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам. Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам, ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам”.
0:000:00
82 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا عَمِلْتُ وَشَرِّ مَا لَمْ أَعْمَلْ»
“Эй Аллоҳ! Аз бадии он чӣ анҷом додаам ва бадии он чӣ анҷом надодаам, ба Ту паноҳ мебарам”. (Ва бештари дуои Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ин буд.)
0:000:00
83 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أُشْرِكَ بِكَ وَأَنَا أَعْلَمُ، وَأَسْتَغْفِرُكَ لِمَا لَا أَعْلَمُ»
“Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ба Ту шарик қарор диҳам, дар ҳоле, ки ман медонам, ва аз Ту талаби мағфират менамоям аз он чӣ намедонам”.
0:000:00
84 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ زَوَالِ نِعْمَتِكَ، وَتَحَوُّلِ عَافِيَتِكَ، وَفُجَاءَةِ نِقْمَتِكَ، وَجَمِيعِ سَخَطِكَ»
“Эй Аллоҳ! Аз заволи неъмат ва дигаргӯн шудани офиятат, ки ба мо бахшидаӣ ва аз хашму ғазаби ногаҳон ва тамоми хашму ғазабат, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
85 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ مُنْكَرَاتِ الأَخْلاَقِ، وَالأَعْمَالِ، وَالأَهْوَاءِ، وَالْأَدْوَاءِ»
“Эй Аллоҳ! Аз ахлоқу кирдор ва хоҳишоту бемориҳои нописанд, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
86 / 94
«اللَّهمَّ إنِّي أَعُوْذُ بِكَ مِنْ جَهْدِ البَلاَءِ، وَدَرَكِ الشَّقَاءِ، وَسُوءِ القَضَاءِ، وَشَمَاتَةِ الأَعْدَاءِ»
“Эй Аллоҳ! Аз расидан ба ҳар бало ва сахтӣ ва расидан ба бадбахтӣ ва тақдири бад ва хушии душманонам, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
87 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْعَجْزِ، وَالْكَسَلِ، وَالْجُبْنِ، وَالْبُخْلِ، وَالْهَرَمِ، وَعَذَابِ الْقَبْرِ اللهُمَّ آتِ نَفْسِي تَقْوَاهَا، وَزَكِّهَا أَنْتَ خَيْرُ مَنْ زَكَّاهَا، أَنْتَ وَلِيُّهَا وَمَوْلَاهَا، اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عِلْمٍ لَا يَنْفَعُ، وَمِنْ قَلْبٍ لَا يَخْشَعُ، وَمِنْ نَفْسٍ لَا تَشْبَعُ، وَمِنْ دَعْوَةٍ لَا يُسْتَجَابُ لَهَا»
“Эй Аллоҳ! Аз аҷзу нотавонӣ ва танбалию буздилӣ ва пири ва азоби қабр, ба Ту паноҳ мебарам. Эй Аллоҳ! Бар ман тақвои нафс ато бифармо, ва онро пок бигардон, зеро Ту беҳтарин касе ҳастӣ, ки онро пок месозӣ, Ту сарпарасту молики он ҳастӣ. Эй Аллоҳ! Аз илму донише, ки фоида намерасонад, ва қалбе, ки хушуъ ва хузуъ надорад, ва нафсе, ки сер намешавад, ва дуое, ки шунида намешавад, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
88 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الهَمِّ وَالحَزَنِ، وَالعَجْزِ وَالكَسَلِ، وَالبُخْلِ وَالجُبْنِ، وَضَلَعِ الدَّيْنِ، وَغَلَبَةِ الرِّجَالِ»
“Эй Аллоҳ! Аз нигаронию андӯҳ ва нотавонию танбалӣ, ва бухлу тарс ва хамшудани камар зери бори қарз ва ғалабаи мардон, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
89 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ سَمْعِي، وَمِنْ شَرِّ بَصَرِي، وَمِنْ شَرِّ لِسَانِي، وَمِنْ شَرِّ قَلْبِي، وَمِنْ شَرِّ مَنِيِّي»
“Эй Аллоҳ! Аз бадии шунавоӣ ва биноӣ, ва бадии забону қалб ва бадии шармгоҳам, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
90 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ النَّارِ وَمِنْ عَذَابِ النَّارِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ القَبْرِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ القَبْرِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الغِنَى، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الفَقْرِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ المَسِيحِ الدَّجَّالِ»
“Эй Аллоҳ! Аз фитнаи оташи дӯзах ва аз азоби оташи дӯзах, ба Ту паноҳ мебарам, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи қабр ва ба Ту паноҳ мебарам аз азоби қабр, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи бадии сарватмандӣ ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи нодорӣ, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи Масеҳи Даҷҷол”.
0:000:00
91 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِعِزَّتِكَ، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ، أَنْ تُضِلَّنِي، أَنْتَ الْحَيُّ الَّذِي لَا يَمُوتُ، وَالْجِنُّ وَالْإِنْسُ يَمُوتُونَ»
"Эй Аллоҳ! Ба иззату ҷалолат паноҳ мебарам, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, ин, ки мабодо маро гумроҳ намоӣ. Ту зинда ҳастӣ, ҳаргиз намемирӣ, ва ҷину инс ҳама мемиранд”.
0:000:00
92 / 94
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ البَرَصِ، وَالْجُنُونِ، وَالْجُذَامِ، وَمِنْ سَيِّئِ الْأَسْقَامِ»
“Эй Аллоҳ! Ман аз песи ва девонагию ҷузом ва бемориҳои бад, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
93 / 94
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ يَوْمِ السَّوْءِ، وَمِنْ لَيْلَةِ السَّوْءِ، وَمِنْ سَاعَةِ السَّوْءِ، وَمِنْ صَاحِبِ السَّوْءِ، وَمِنْ جَارِ السَّوْءِ فِي دَارِ الْمُقَامَةِ»
“Эй Аллоҳ! Аз рӯзу шаби бад, ва лаҳзаву рафиқи бад, ва ҳамсояи бад дар ҷое, ки зиндагӣ мекунам, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
94 / 94
«أعوذ بالله من الفِتَن، ما ظهر منها وما بَطن»
“Аз фитнаҳое, ки ошкору пинҳон ҳастанд, ба Аллоҳ паноҳ мебарам”.
0:000:00