← Феҳрист12 зикру дуо
Дуоҳои руқя (барои дуо хондан)
🔍
1 / 12
أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ١ ﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ٢ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ٣ مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ ٤ إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ٥ اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ ٦ صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ ٧﴾ قراءة سورة الفاتحة ٧ مرات
Хондани сураи Фотиҳа, 7 маротиба. Паноҳ мебарам ба Аллоҳ аз шайтони рондашуда. Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. (Ситоиш Аллоҳро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. * Бахшояндаи меҳрубон, * Фармонравои рӯзи ҷазо. * Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем. * Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: * роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на хашмгирифтагон бар онҳо ва на гумроҳон.* Омин [Фотиҳа: 1-7].
Сарчашма: Фотиҳа: 1-7
0:000:00
2 / 12
﴿اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ﴾ [سورة البقرة: ٢٥٥] قراءة آية الكرسي مرة واحدة
Хондани Оятулкурсӣ, 1 маротиба. (Аллоҳ зотест, ки ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Зиндаву поянда аст. На хоби сабук Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат мекунад. Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сари онҳост, медонад ва ба илми Ӯ ҷуз он чӣ худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро иҳота намудааст. Нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест. Ӯ баландпояву бузург аст!) [Бақара: 255].
Сарчашма: Бақара: 255
0:000:00
3 / 12
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ﴿قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ ١ اللَّهُ الصَّمَدُ ٢ لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ ٣ وَلَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوًا أَحَدٌ ٤﴾ بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ﴿قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ ١ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ ٢ وَمِنْ شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ٣ وَمِنْ شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِي الْعُقَدِ ٤ وَمِنْ شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ ٥﴾ بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ﴿قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ النَّاسِ ١ مَلِكِ النَّاسِ ٢ إِلَهِ النَّاسِ ٣ مِنْ شَرِّ الْوَسْوَاسِ الْخَنَّاسِ ٤ الَّذِي يُوَسْوِسُ فِي صُدُورِ النَّاسِ ٥ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ ٦﴾ قراءة سورة الإخلاص والمعوذتين ثم النفث باليدين ومسح موضع الألم ويفعل ذلك ۳ مرات
Сураи Ихлос ва Муъавизатайнро (Сураи Фалақ ва сураи Нос) хонда дар дасташ пуф мекунад ва бо дастонаш ҷои дардро мешакад. Инро 3 бор такрор мекунад. * (Бигӯ: «Ӯст Худои якто, (1) Худое, ки дар ҳоҷат ба Ӯ рӯ кунанд, (2) на зоида аст, ва на зоида шуда (3) ва на ҳеҷ кас ҳамтои Ӯст!) (4) [Ихлос: 1-4]. * (Бигӯ: Ба Парвардигори субҳгоҳ паноҳ мебарам, (1) аз шарри он чӣ офаридааст (2) ва аз шарри шаби торик чун дарояд (3) ва аз шарри ҷодӯгароне, ки дар гиреҳҳо афсун медаманд (4) ва аз шарри ҳасӯд чун ҳасад мекунад!(5)) [Фалақ: 1-5]. * (Бигӯ: Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам, (1) Фармонравои мардум, (2) Худои мардум, (3) аз шарру васвасагари пинҳоншаванда, (4) он кӣ дар дилҳои мардум васваса мекунад, (5) хоҳ аз ҷинниён бошад ё аз одамиён!(6)) [Нос: 1-6].
Сарчашма: Нос: 1-6
0:000:00
4 / 12
(اللَّهُمَّ رَبَّ النَّاسِ أَذْهِبِ البَاسَ، اشْفِ أَنْتَ الشَّافِي، لاَ شِفَاءَ إِلَّا شِفَاؤُكَ، شِفَاءً لاَ يُغَادِرُ سَقَمًا)
(Эй Аллоҳ! Парвардигори мардум! Маризи ва дардро аз ман дур кун, Ту шифо диҳанда ҳасти, нест шифое магар шифои Ту, шифое ки баъдаш дарду маризиеро боқи намемонад).
0:000:00
5 / 12
(بِسْمِ اللَّهِ، تُرْبَةُ أَرْضِنَا، بِرِيقَةِ بَعْضِنَا، يُشْفَى سَقِيمُنَا، بِإِذْنِ رَبِّنَا)
0:000:00
6 / 12
(بِاسْمِ اللهِ) (أَعُوذُ بِاللهِ وَقُدْرَتِهِ مِنْ شَرِّ مَا أَجِدُ وَأُحَاذِرُ) "بِاسْمِ اللهِ" "أَعُوذُ بِاللهِ وَقُدْرَتِهِ مِنْ شَرِّ مَا أَجِدُ وَأُحَاذِرُ"
(Ба номи Аллоҳ) (Паноҳ мебарам ба Аллоҳ ва қудрату тавоноияш аз бадии ончи эҳсос мекунам ва метарсам)
0:000:00
7 / 12
(أَعُوذُ بِكَلِمَاتِ اللَّهِ التَّامَّةِ، مِنْ كُلِّ شَيْطَانٍ وَهَامَّةٍ، وَمِنْ كُلِّ عَيْنٍ لاَمَّةٍ)
(Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз ҳар шайтон, ва ҳар газанда (ҷонвари заҳрдор), ва аз ҳар чашми захмкунанда).
0:000:00
8 / 12
(أَعُوذُ بِكَلِمَاتِ اللهِ التَّامَّاتِ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ)
0:000:00
9 / 12
(بِسْمِ اللَّهِ الَّذِي لَا يَضُرُّ مَعَ اسْمِهِ شَيْءٌ، فِي الْأَرْضِ، وَلَا فِي السَّمَاءِ، وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ)
(Ба номи Аллоҳ, ки ҳамроҳ бо номи Ӯ ҳеҷ чиз дар замину осмон зараре намерасонад, Ва Ӯ шунаво ва доност). Се маротиба мегӯяд.
0:000:00
10 / 12
«بِاسْمِ اللهِ أَرْقِيكَ، مِنْ كُلِّ شَيْءٍ يُؤْذِيكَ، مِنْ شَرِّ كُلِّ نَفْسٍ أَوْ عَيْنِ حَاسِدٍ، اللهُ يَشْفِيكَ بِاسْمِ اللهِ أَرْقِيكَ»
(Ба номи Худо туро руқя (дуо) мехонам, аз ҳар чизе, ки туро озор медиҳад ва аз бадии ҳар нафсе ва чашми ҳосиде Худованд туро шифо мебахшад, ба номи Худо туро руқя мехонам)
0:000:00
11 / 12
«أَسْأَلُ اللَّهَ الْعَظِيمَ رَبَّ الْعَرْشِ الْعَظِيمِ أَنْ يَشْفِيَكَ»
"Аз Аллоҳи бузургвор, Парвардигори Арши бузург мехоҳам, ки шифоят диҳад" Ҳафт маротиба гуфта мешавад, Агар худро руқя бихонад инхел мегӯяд: "Аз Аллоҳи бузургвор, Парвардигори Арши бузург мехоҳам, ки шифоям диҳад"
0:000:00
12 / 12
* Дар руқя шартҳо ва огоҳиҳое вуҷуд дорад, ки руқяхон онҳоро бояд риъоят кунад. Ва онҳо: 1- Инки руқя саҳеҳ ва аз Қуръону Суннат бошад, ва дур аз ширку бидъат ва муҳаррамот дар алфоз ва равиши хонданаш бошад. 2- Инки мусулмон таваккал ба Парвардигор кунад ва бидонад, ки руқя сабабе аст ва таъсире надорад магар бо иҷозати Худованд. 3- Инки барои таҷриба кардан руқя нахонад, Балки ба таъсир ва фоидаи руқя имон доштан воҷиб аст. Пас лозим аст, ки руқяхонанда ва касеро ки руқя мехонад, ҳарду ба таъсир ва шифои ёфтани бо руқяро имон дошта бошанд. 4- Ҳама оятҳои Қуръони карим шифо аст, Худованд мефармояд: (Ва аз Қуръон он чи дармони [ширку куфр] ва раҳмате барои муъминон аст, нозил мекунем). Аммо оятҳое ки руқя буданашон ворид шудааст, онҳоро дар руқя хондан авлотар аст. 5- Барои мариз беҳтар он аст, ки худаш худашро руқя хонад, зеро ин зиёдтар ба нафъӣ ӯ аст, ва ӯ беҳтар эҳтиёҷашро ба Худованд изҳор карда метавонад. Зеро ҳузури дил ва ихлоси ният дар руқя таъсири худро дорад.