← Феҳрист13 зикру дуо
Истиъозаҳои набавӣ
🔍
1 / 13
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا عَمِلْتُ وَشَرِّ مَا لَمْ أَعْمَلْ»
“Эй Аллоҳ! Аз бадии он чӣ анҷом додаам ва бадии он чӣ анҷом надодаам, ба Ту паноҳ мебарам”. (Ва бештари дуои Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ин буд.)
0:000:00
2 / 13
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أُشْرِكَ بِكَ وَأَنَا أَعْلَمُ، وَأَسْتَغْفِرُكَ لِمَا لَا أَعْلَمُ»
“Эй Аллоҳ! Ба Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ба Ту шарик қарор диҳам, дар ҳоле, ки ман медонам, ва аз Ту талаби мағфират менамоям аз он чӣ намедонам”.
0:000:00
3 / 13
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ زَوَالِ نِعْمَتِكَ، وَتَحَوُّلِ عَافِيَتِكَ، وَفُجَاءَةِ نِقْمَتِكَ، وَجَمِيعِ سَخَطِكَ»
“Эй Аллоҳ! Аз заволи неъмат ва дигаргӯн шудани офиятат, ки ба мо бахшидаӣ ва аз хашму ғазаби ногаҳон ва тамоми хашму ғазабат, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
4 / 13
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ مُنْكَرَاتِ الأَخْلاَقِ، وَالأَعْمَالِ، وَالأَهْوَاءِ، وَالْأَدْوَاءِ»
“Эй Аллоҳ! Аз ахлоқу кирдор ва хоҳишоту бемориҳои нописанд, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
5 / 13
«اللَّهمَّ إنِّي أَعُوْذُ بِكَ مِنْ جَهْدِ البَلاَءِ، وَدَرَكِ الشَّقَاءِ، وَسُوءِ القَضَاءِ، وَشَمَاتَةِ الأَعْدَاءِ»
“Эй Аллоҳ! Аз расидан ба ҳар бало ва сахтӣ ва расидан ба бадбахтӣ ва тақдири бад ва хушии душманонам, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
6 / 13
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْعَجْزِ، وَالْكَسَلِ، وَالْجُبْنِ، وَالْبُخْلِ، وَالْهَرَمِ، وَعَذَابِ الْقَبْرِ اللهُمَّ آتِ نَفْسِي تَقْوَاهَا، وَزَكِّهَا أَنْتَ خَيْرُ مَنْ زَكَّاهَا، أَنْتَ وَلِيُّهَا وَمَوْلَاهَا، اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عِلْمٍ لَا يَنْفَعُ، وَمِنْ قَلْبٍ لَا يَخْشَعُ، وَمِنْ نَفْسٍ لَا تَشْبَعُ، وَمِنْ دَعْوَةٍ لَا يُسْتَجَابُ لَهَا»
“Эй Аллоҳ! Аз аҷзу нотавонӣ ва танбалию буздилӣ ва пири ва азоби қабр, ба Ту паноҳ мебарам. Эй Аллоҳ! Бар ман тақвои нафс ато бифармо, ва онро пок бигардон, зеро Ту беҳтарин касе ҳастӣ, ки онро пок месозӣ, Ту сарпарасту молики он ҳастӣ. Эй Аллоҳ! Аз илму донише, ки фоида намерасонад, ва қалбе, ки хушуъ ва хузуъ надорад, ва нафсе, ки сер намешавад, ва дуое, ки шунида намешавад, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
7 / 13
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الهَمِّ وَالحَزَنِ، وَالعَجْزِ وَالكَسَلِ، وَالبُخْلِ وَالجُبْنِ، وَضَلَعِ الدَّيْنِ، وَغَلَبَةِ الرِّجَالِ»
“Эй Аллоҳ! Аз нигаронию андӯҳ ва нотавонию танбалӣ, ва бухлу тарс ва хамшудани камар зери бори қарз ва ғалабаи мардон, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
8 / 13
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ سَمْعِي، وَمِنْ شَرِّ بَصَرِي، وَمِنْ شَرِّ لِسَانِي، وَمِنْ شَرِّ قَلْبِي، وَمِنْ شَرِّ مَنِيِّي»
“Эй Аллоҳ! Аз бадии шунавоӣ ва биноӣ, ва бадии забону қалб ва бадии шармгоҳам, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
9 / 13
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ النَّارِ وَمِنْ عَذَابِ النَّارِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ القَبْرِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ القَبْرِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الغِنَى، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الفَقْرِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ المَسِيحِ الدَّجَّالِ»
“Эй Аллоҳ! Аз фитнаи оташи дӯзах ва аз азоби оташи дӯзах, ба Ту паноҳ мебарам, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи қабр ва ба Ту паноҳ мебарам аз азоби қабр, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи бадии сарватмандӣ ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи нодорӣ, ва ба Ту паноҳ мебарам аз фитнаи Масеҳи Даҷҷол”.
0:000:00
10 / 13
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِعِزَّتِكَ، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ، أَنْ تُضِلَّنِي، أَنْتَ الْحَيُّ الَّذِي لَا يَمُوتُ، وَالْجِنُّ وَالْإِنْسُ يَمُوتُونَ»
"Эй Аллоҳ! Ба иззату ҷалолат паноҳ мебарам, ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ту нест, ин, ки мабодо маро гумроҳ намоӣ. Ту зинда ҳастӣ, ҳаргиз намемирӣ, ва ҷину инс ҳама мемиранд”.
0:000:00
11 / 13
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ البَرَصِ، وَالْجُنُونِ، وَالْجُذَامِ، وَمِنْ سَيِّئِ الْأَسْقَامِ»
“Эй Аллоҳ! Ман аз песи ва девонагию ҷузом ва бемориҳои бад, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
12 / 13
«اللهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ يَوْمِ السَّوْءِ، وَمِنْ لَيْلَةِ السَّوْءِ، وَمِنْ سَاعَةِ السَّوْءِ، وَمِنْ صَاحِبِ السَّوْءِ، وَمِنْ جَارِ السَّوْءِ فِي دَارِ الْمُقَامَةِ»
“Эй Аллоҳ! Аз рӯзу шаби бад, ва лаҳзаву рафиқи бад, ва ҳамсояи бад дар ҷое, ки зиндагӣ мекунам, ба Ту паноҳ мебарам”.
0:000:00
13 / 13
«أعوذ بالله من الفِتَن، ما ظهر منها وما بَطن»
“Аз фитнаҳое, ки ошкору пинҳон ҳастанд, ба Аллоҳ паноҳ мебарам”.
0:000:00