Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
НамозМавзӯи 44

ДУЪОИ ХАЙР

Илоҳо оқибати кори ҷамъи мӯъмининро ба хайр гардони, имонро саломат дори, ба роҳи рост ҳидоят куни, тавфиқ ба тоъат, ва парҳез аз маъсият каромат фармоӣ. Аз гуноҳҳои сағира ва кабира пок гардони. Аз бало ва офатҳо дар паноҳат нигоҳ дори. Ба ҷамъи муроду мақсадҳои неки динию дунявӣ бирасони. Аз гавҳари имон, ки ато фармуди, ҷудо нагардони, омин ё раббил оламин. Бираҳматика ё арҳамарроҳимин.

44 / 87