← Бозгашт
18px
АқидаМавзӯи 8
МАЪРИФАТИ ПАРВАРДИГОР
Барои мӯъминон зарур аст, Аллоҳ Таъолоро ба даҳ сифат шиносанд, ки ҳашти он субутиҳӣ ва дуи он салбист.
- Илм – яъне Аллоҳ Таъоло доност бар ҳама ашё.
- Қудрат – яъне Аллоҳ Таъоло тавоност ба чизе, ки хохад аз кардан ва нокардан.
- Ҳаёт – яъне Аллоҳ Таъоло зинда аст азалан ва абадан.
- Самъ – яъне Аллоҳ Таъоло шунавост на ба гуш.
- Басар – яъне Аллоҳ Таъоло биност на ба чашм.
- Калом – яъне Аллоҳ Таъоло гӯёст на бар забон.
- Ирода – яъне Аллоҳ Таъоло соҳиби ирода аст ва соҳиби ихтиёр аст. Ҳар чӣ хост шуд ва ҳар чӣ нахост нашуд.
- Таквин – яъне Аллоҳ Таъоло набударо пайдо кунанда аст.
Ва он дуе, ки салбист:
- Аллоҳ Таъоло якка ва ягона аст бе шарик, бе мисл ва бе монанд аст.
- Аллоҳ Таъоло пок аст аз ҷамиъи ъайбҳо ва нуқсонҳо.