← Бозгашт
18px
НамозМавзӯи 36
САҶДА
Боз Аллоҳу акбар гуфта, ба саҷда равад. Ду зону, ду даст, бинӣ ва пешониро ба замин монад. Ду пой (қадам) – ро рост монда, кӯшиш кунад, ки сари ангуштонаш ба сӯи қибла бошанд. Шикамашро аз ронаш дур ва ковок гирад, аммо занон шикамро ба рон бичаспонанд, дар саҷда се маротиба «Субҳона раббиял аъло» гуяд, баъд «Аллоҳу Акбар» гуфта бишинад, як нафас хомӯш ва ором нишаста, боз ба тартиби боло гузашта саҷда кунад. Бо саҷдаи дуввум як ракаъат намоз мешавад. Аз саҷдаи дуввум «Аллоҳу акбар» гуфта, рост шавад ва дар қиём бо-одобона истода, аввал сураи фотиҳа ва яке аз сураҳоро бихонад.