Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
НамозМавзӯи 67

САҶДАИ САҲВ

Ҳар гоҳ, ки таъхири фарз ва ё як воҷибе аз намоз ба фаромушӣ тарк гардад ва дар намоз ёд ояд, барои ҷабри нуқсони он намоз дар қаъдаи охир пас аз аттаҳиёт ба тарафи рост салом карда ба ҷой овардани ду саҷда воҷиб аст, инро саҷдаи саҳв (фаромушӣ) мегӯянд. Ин ду саҷдаро ба ҷо оварда, дубора аттаҳиёт, дуруд ва дуъо хонда, баъд ба ҳарду ҷониб салом диҳад. Мисли дар намоз дар қаъдаи аввал нанишаста, ба қиём рост шавад, ё аттаҳиётро дар қаъдатайн нахонад, замми сура накунад, ё дуъони қунут нахонад ва ғайра. Агар яке аз воҷибот фаромуш шавад ва ин ду саҷдаро аст. Агар саҷдаи саҳв фаромуш шавад, пас аз салом ба ёдаш ояд, ягон амале накарда бошад, сухан аз каломе накарда бошад, то ин вақт рӯ ба қибла бошад, агар чӣ пас аз салом дер гузошта бошад ҳам саҷдаи саҳв кунад дуруст бошад. Ва пас аз саҷдаи саҳв аттаҳиёт, салавот ва дуъо хонда ба ду тараф салом диҳад. Ба ду ё зиёда тарки воҷиб ҳам, як саҷдаи саҳв кифоя аст.

67 / 87