وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبْلَ ٱلْحَسَنَةِ وَقَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِمُ ٱلْمَثُلَـٰتُ ۗ وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغْفِرَةٍۢ لِّلنَّاسِ عَلَىٰ ظُلْمِهِمْ ۖ وَإِنَّ رَبَّكَ لَشَدِيدُ ٱلْعِقَابِ ٦
Ва ястаъҷилунака би-с-саййиати қабла-л-ҳасанати ва қад халат мин қаблиҳиму-л-масулат. Ва инна Раббака ла зу мағфирати-л ли-н-наси ъала зулмиҳим. Ва инна Раббака ла шадӣду-л-ъиқаб.
Ва аз ту бадиро пеш аз некӣ бо шитоб металабанд ва ҳаройина, пеш аз онҳо уқубатҳои ибратангез гузаштааст. Ва ҳаройина, Парвардигори ту бо вуҷуди ситамгор будани мардум соҳибомурзиш аст. Ва ҳаройина, Парвардигори ту сахт уқубаткунанда аст.
13:6