وَمَا لَنَآ أَلَّا نَتَوَكَّلَ عَلَى ٱللَّهِ وَقَدْ هَدَىٰنَا سُبُلَنَا ۚ وَلَنَصْبِرَنَّ عَلَىٰ مَآ ءَاذَيْتُمُونَا ۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُتَوَكِّلُونَ ١٢
Ва ма лана алла натаваккала ъалаллоҳи ва қад ҳадана субулана. Ва ла насбиранна ъала ма азайтумуна. Ва ъалаллоҳи фал ятаваккали-л-мутаваккилун.
Ва чист моро, ки бар Худо таваккул накунем ва ҳол он ки батаҳқиқ, роҳи ростро барои мо ҳидоят кардааст? Ва албатта, бар озоре, ки шумо бар мо мерасонед, сабр хоҳем кард. Ва таваккулкунандагон бояд бар Худо таваккул кунанд».
14:12