۞ يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْأَهِلَّةِ ۖ قُلْ هِىَ مَوَٰقِيتُ لِلنَّاسِ وَٱلْحَجِّ ۗ وَلَيْسَ ٱلْبِرُّ بِأَن تَأْتُوا۟ ٱلْبُيُوتَ مِن ظُهُورِهَا وَلَـٰكِنَّ ٱلْبِرَّ مَنِ ٱتَّقَىٰ ۗ وَأْتُوا۟ ٱلْبُيُوتَ مِنْ أَبْوَٰبِهَا ۚ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ١٨٩
Яс-алунака ъани-л-аҳиллаҳ. Қул ҳия мавоқиту ли-н-носи ва-л-ҳаҷҷ. Ва лайса-л-бирру би ан таъту-л-буйута мин зуҳуриҳо ва локинна-л-бирра мани-т-тақо. Ваъту-л-буйута мин абвобиҳо. Ва-т-тақуллоҳа лаъаллакум туфлиҳун.
Туро аз моҳҳо мепурсанд, бигӯ: «Онҳо барои таъини вақтҳои мардум ва ҳаҷ аст». Ва некӯкорӣ он нест, ки ба хонаҳои худ дар ҳоли эҳром аз паси пушти онҳо дароед. Валекин некӯкорӣ он аст, ки парҳезгорӣ кунед ва ба хонаҳои худ аз дарҳои онҳо дароед. Ва аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед!
2:189