فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلْحَقُّ مِنْ عِندِنَا قَالُوا۟ لَوْلَآ أُوتِىَ مِثْلَ مَآ أُوتِىَ مُوسَىٰٓ ۚ أَوَلَمْ يَكْفُرُوا۟ بِمَآ أُوتِىَ مُوسَىٰ مِن قَبْلُ ۖ قَالُوا۟ سِحْرَانِ تَظَـٰهَرَا وَقَالُوٓا۟ إِنَّا بِكُلٍّۢ كَـٰفِرُونَ ٤٨
Фа ламма ҷааҳуму-л-ҳаққу мин ъиндина қолу лав ла утия мисла ма утия Муса. Ава лам якфуру бима утия Муса мин қабл. Қолу сиҳрони тазаҳаро ва қолу инна би куллин кафирун.
Пас, чун аз назди Мо ба онҳо ваҳйи рост омад, гуфтанд: «Чаро дода нашуд ин пайғамбарро монанди он чӣ ба Мӯсо дода шуд?». Оё ба он чӣ Мӯсоро пеш аз ин дода шуд, кофир нашудаанд? Гуфтанд: «(Ин) Ду (Таврот ва Қуръон) соҳир (китоби сехр)-анд, ки мувофиқ (ва пуштубон)-и якдигар шудаанд». Ва гуфтанд: «Ҳаройина, мо ба ҳар як(е аз инҳо) кофирем».
28:48