أَلَمْ تَرَوْا۟ أَنَّ ٱللَّهَ سَخَّرَ لَكُم مَّا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَأَسْبَغَ عَلَيْكُمْ نِعَمَهُۥ ظَـٰهِرَةًۭ وَبَاطِنَةًۭ ۗ وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَـٰدِلُ فِى ٱللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍۢ وَلَا هُدًۭى وَلَا كِتَـٰبٍۢ مُّنِيرٍۢ ٢٠
Алам тарав анналлоҳа саххара лакум-м ма фи-с самавати ва ма фи-л-арЗи ва асбаға ъалайкум ниъамаҳу заҳирата-в ва батинаҳ. Ва мина-н-наси ма-й юҷадилу филлаҳи би ғайри ъилми-в ва ла ҳуда-в ва ла китаби-м мунӣр.
Оё надидаед, ки Аллоҳ барои шумо он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, ром гардонид?! Ва неъматҳои Худро барои шумо, чи ошкор ва чи пинҳон, бар шумо тамом карду арзонӣ дошт ва аз мардум касоне ҳастанд, ки дар боби Аллоҳ ба ғайри дониш ва ба ғайри ҳидоят ва бидуни китоби равшан муҷодала мекунанд.
31:20