وَٱلَّذِىٓ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ مِنَ ٱلْكِتَـٰبِ هُوَ ٱلْحَقُّ مُصَدِّقًۭا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِعِبَادِهِۦ لَخَبِيرٌۢ بَصِيرٌۭ ٣١
Ва-л-лази авҳайна илайка мина-л-китаби ҳува-л ҳаққу мусаддиқа-л ли ма байна ядайҳ. Инналлоҳа би ъибадиҳӣ ла Хабӣрун Басӣр.
Ва он чӣ аз Қуръон ба сӯи ту ваҳй фиристодем, ҳақиқат аст, (ва) бовардорандаи он китобҳоест, ки пеш аз Вай аст. Ҳаройина, Худованд аз бандагони Худ хабардору бино аст.
35:31