يَـٰٓأَهْلَ ٱلْكِتَـٰبِ لَا تَغْلُوا۟ فِى دِينِكُمْ وَلَا تَقُولُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلْحَقَّ ۚ إِنَّمَا ٱلْمَسِيحُ عِيسَى ٱبْنُ مَرْيَمَ رَسُولُ ٱللَّهِ وَكَلِمَتُهُۥٓ أَلْقَىٰهَآ إِلَىٰ مَرْيَمَ وَرُوحٌۭ مِّنْهُ ۖ فَـَٔامِنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦ ۖ وَلَا تَقُولُوا۟ ثَلَـٰثَةٌ ۚ ٱنتَهُوا۟ خَيْرًۭا لَّكُمْ ۚ إِنَّمَا ٱللَّهُ إِلَـٰهٌۭ وَٰحِدٌۭ ۖ سُبْحَـٰنَهُۥٓ أَن يَكُونَ لَهُۥ وَلَدٌۭ ۘ لَّهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ ۗ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلًۭا ١٧١
Йа аҳла-л-китоби ло тағлу фи диникум ва ло тақулу ъалаллоҳи илла-л-ҳаққ. Иннама-л-Масиҳу Ъисабну Маряма расулуллоҳи ва калиматуҳу алқоҳа ило Маряма ва руҳу-м минҳ. Фа омину биллоҳи ва русулиҳи ва ло тақулу салосаҳ. Интаҳу хайра-л-лакум. Иннамаллоҳу Илоҳу-в-Воҳид. Субҳонаҳу ан якуна лаҳу валад. Лаҳу мо фи-с самовоти ва мо фи-л-арз. Ва кафо биллоҳи вакило.
Эй аҳли Китоб, дар динатон аз ҳад магузаред ва дар шаъни Аллоҳ магӯед, магар сухани рост! Ҷуз ин нест, ки Масеҳ - Исо писари Марям, фиристодаи Худо ва калимаи Ӯст, ки ӯро ба сӯйи Марям афганд ва ӯ рӯҳест аз ҷониби Худо. Пас, имон оред ба Аллоҳ ва ба пайғамбарони Ӯ ва магӯед, ки «худоён сеанд!». Ин гуфторро бигзоред, то он чи барои шумо беҳтар аст, онро биёред. Ин аст, ҷуз ин нест, ки Аллоҳ ягона аст. Аз он ки барои Ӯ фарзанд бошад, пок аст. Он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, аз они Ӯст. Ва Аллоҳ аз рӯи корсозӣ кифоякунандааст.
4:171