وَقَالَ رَجُلٌۭ مُّؤْمِنٌۭ مِّنْ ءَالِ فِرْعَوْنَ يَكْتُمُ إِيمَـٰنَهُۥٓ أَتَقْتُلُونَ رَجُلًا أَن يَقُولَ رَبِّىَ ٱللَّهُ وَقَدْ جَآءَكُم بِٱلْبَيِّنَـٰتِ مِن رَّبِّكُمْ ۖ وَإِن يَكُ كَـٰذِبًۭا فَعَلَيْهِ كَذِبُهُۥ ۖ وَإِن يَكُ صَادِقًۭا يُصِبْكُم بَعْضُ ٱلَّذِى يَعِدُكُمْ ۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى مَنْ هُوَ مُسْرِفٌۭ كَذَّابٌۭ ٢٨
Ва Қола раҷулу-м муъмину-м мин али Фиръавна яктуму ӣманаҳу атақтулуна раҷулан ай яқула Раббияллоҳу ва Қад ҷаакум би-л-баййинати ми-р-Раббикум. Ва ий яку казибан фа ъалайҳи казибуҳ. Ва ий яку содиқа-й юсибкум баъЗу-л-лазӣ яъидукум. Инналлоҳа ла яҳдӣ ман ҳува мусрифун каззаб.
Ва марди муъмин аз хешони Фиръавн, ки имони худро пинҳон медошт, гуфт: «Оё мардеро ба сабаби он, ки мегӯяд: «Парвардигори ман Аллоҳ аст», ҳол он ки дар ҳақиқат ба шумо аз Парвардигори шумо нишонаҳои равшан овардааст, мекушед? Ва агар дурӯғгӯ бошад, пас, гуноҳи дурӯғгӯйӣ бар худи вай аст. Ва агар содиқ бошад, баъзе он чӣ бар шумо ваъда мекунад, бирасад. Албатта, Аллоҳ касеро, ки аз ҳад гузарандаи дурӯғгӯй аст, ҳидоят намекунад.
40:28