مِّن وَرَآئِهِمْ جَهَنَّمُ ۖ وَلَا يُغْنِى عَنْهُم مَّا كَسَبُوا۟ شَيْـًۭٔا وَلَا مَا ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوْلِيَآءَ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ ١٠
Ми-в-вараиҳим Ҷаҳаннам. Ва ла юғнӣ ъанҳум-м ма касабу шай-ав ва ла ма-т-тахазу мин дуниллаҳи авлийаъ. Ва лаҳум ъазабун ъазӣм.
Аз пеши рӯйи онҳо Дӯзах аст. Ва аз онҳо он чӣ (аз молу авлод) касб кардаанд ва он чӣ ба ҷуз Аллоҳ дӯст гирифтаанд, (аз азоби илоҳӣ) чизеро дафъ накунад. Ва онҳоро азоби бузург аст.
45:10