۞ قَالَتِ ٱلْأَعْرَابُ ءَامَنَّا ۖ قُل لَّمْ تُؤْمِنُوا۟ وَلَـٰكِن قُولُوٓا۟ أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ ٱلْإِيمَـٰنُ فِى قُلُوبِكُمْ ۖ وَإِن تُطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَا يَلِتْكُم مِّنْ أَعْمَـٰلِكُمْ شَيْـًٔا ۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌۭ رَّحِيمٌ ١٤
Қолати-л-аъробу аманна қул-л лам туъмину ва лакин қулу асламна ва ламма ядхули-л-ӣману фӣ қулубикум. Ва ин тутӣъуллоҳа ва расулаҳу ла ялиткум-м мин аъмаликум шайа. Инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм.
Арабҳои бодиянишин гуфтанд: «Имон овардаем». Бигӯ: Имон наовардаед, валекин бигӯед: «Ислом овардаем», дар ҳоле ки то ҳол имон дар дилҳои шумо дохил нашудааст ва агар Аллоҳ ва Расули Ӯро фармонбардорӣ кунед, аз аъмоли шумо чизеро ноқис накунад. Албатта, Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст.
49:14