Quran.tjGet it on Google Play
5

Моида

Ҷуз 6Саҳифа 107
حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ ٱلْمَيْتَةُ وَٱلدَّمُ وَلَحْمُ ٱلْخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيْرِ ٱللَّهِ بِهِۦ وَٱلْمُنْخَنِقَةُ وَٱلْمَوْقُوذَةُ وَٱلْمُتَرَدِّيَةُ وَٱلنَّطِيحَةُ وَمَآ أَكَلَ ٱلسَّبُعُ إِلَّا مَا ذَكَّيْتُمْ وَمَا ذُبِحَ عَلَى ٱلنُّصُبِ وَأَن تَسْتَقْسِمُوا۟ بِٱلْأَزْلَـٰمِ ۚ ذَٰلِكُمْ فِسْقٌ ۗ ٱلْيَوْمَ يَئِسَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن دِينِكُمْ فَلَا تَخْشَوْهُمْ وَٱخْشَوْنِ ۚ ٱلْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِى وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلْإِسْلَـٰمَ دِينًۭا ۚ فَمَنِ ٱضْطُرَّ فِى مَخْمَصَةٍ غَيْرَ مُتَجَانِفٍۢ لِّإِثْمٍۢ ۙ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌۭ رَّحِيمٌۭ ۝٣
Ҳурримат ъалайкуму-л-майтату ва-д-даму ва лаҳму-л-хинзири ва ма уҳилла ли ғайриллаҳи биҳи ва-л-мунханиқату ва-л-мавқузату ва-л мутараддияту ва-н-натӣҳату ва ма акала-с-сабуъу илла ма заккайтум ва ма зубиҳа ъала-н-нусуби ва ан тастақсиму би-л-азлам. заликум фисқ. Ал-явма яиса-л-лазина кафару мин диникум фа ла тахшавҳум вахшавни. Ал-явма акмалту лакум дӣнакум ва атмамту ъалайкум ниъматӣ ва разӣту лакуму-л-ислама дӣна. Фа манизтурра фӣ махмасатин ғайра мутаҷанифи-л ли исмин фа инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳим.
Бар шумо ҳайвони худмурдаро ҳаром гардонида шуд ва (ҳамчунин) хун ва гӯшти хук ва он ҳайвоне ки дар вақти забҳи он номи ғайри Аллоҳ ёд карда шавад ва он ҳайвоне, ки бо буғӣ кардан мурда бошад ё бо задан мурда бошад ё аз баландӣ афтода мурда бошад ва он чӣ бо шох задан мурда бошад ва он чиро, ки дарранда хӯрда бошад, магар ҳайвоне ки баъди ин офатҳо (зинда) забҳ(и шаръи) карда бошед. Ва (ҳаром аст) он ҳайвоне, ки ба номи буту бутхона забҳ карда шуд ва (ҳаром гардонида шуд) он чӣ бихоҳед бо фолтирҳо кисмат(-и тақдирӣ худро шинохт). Ин ҳама гуноҳ аст. Имрӯз кофирон аз дини шумо ноумед шуданд, пас, аз онҳо матарсед ва аз Ман битарсед! Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва бар шумо эҳсони Худро тамом кардам ва барои шумо дини Исломро писандидам. Пас, касе ки дар гуруснагӣ ночор шавад ва моил ба гуноҳе набошад, пас, ҳаройина, Аллоҳ омурзгору меҳрубон аст.
5:3
Сураи пурраИдома додан

Танзимоти намоиш

Аудио ва тарҷума
Забони тарҷума
Абуаломуддин (бо тафсир)
Қори
Қорӣ
Намоиш
Aa
Намоиши транслитератсия
Намоиши тафсир
Ҳолати калима ба калима
Андозаи матн
Aa
Андозаи матни Қуръон
16px
1224

Захираҳо

Захираҳо нест