لَا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغْوِ فِىٓ أَيْمَـٰنِكُمْ وَلَـٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا عَقَّدتُّمُ ٱلْأَيْمَـٰنَ ۖ فَكَفَّـٰرَتُهُۥٓ إِطْعَامُ عَشَرَةِ مَسَـٰكِينَ مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ أَوْ كِسْوَتُهُمْ أَوْ تَحْرِيرُ رَقَبَةٍۢ ۖ فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَـٰثَةِ أَيَّامٍۢ ۚ ذَٰلِكَ كَفَّـٰرَةُ أَيْمَـٰنِكُمْ إِذَا حَلَفْتُمْ ۚ وَٱحْفَظُوٓا۟ أَيْمَـٰنَكُمْ ۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمْ ءَايَـٰتِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ ٨٩
Ла юахизукумуллоҳу би-л-лағви фи айманикум ва лаки-й юахизукум би ма ъаққаттуму-л-айман. Фа каффаратуҳу итъаму ъашарати масакӣна мин авсати ма тутъимуна аҳлӣкум ав кисватуҳум ав таҳрӣру рақабаҳ. Фа ма-л лам яҷид фа сийаму саласати аййам. залика каффарату айманикум иза ҳалафтум. Ваҳфазу айманакум. Казалика юбаййинуллоҳу лакум айатиҳӣ лаъаллакум ташкурун.
Аллоҳ дар савгандҳои ба лағв (беҳуда ва ба ғайри қасд) шуморо ҷазо намедиҳад, валекин шуморо бо он, ки савгандҳоро ба замони оянда мунъақид кунед(-у вафо накунед) ҷазо медиҳад. Пас, каффорат (ҷарима)-и савгандҳои (шикасташудаи) вобасташуда таъом додани даҳ мискин аст, аз таъоми миёнаи он чи ки шумо аҳли худро мехӯронед ё пӯшок додани даҳ дарвеш аст ё озод кардани як ғулом аст. Пас шахсе (инҳоро) наёбад, пас бояд се рӯз рӯза бидорад. Ин каффорати савгандҳои шумо аст, чун савганд хӯрдед. Ва савгандҳои худро (нашиканеду) нигоҳ доред. Ҳамчунин Аллоҳ барои шумо оятҳои Худро баён мекунад, шояд шумо шукргузор бошед.
5:89