وَلَا تَسُبُّوا۟ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ فَيَسُبُّوا۟ ٱللَّهَ عَدْوًۢا بِغَيْرِ عِلْمٍۢ ۗ كَذَٰلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمْ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِم مَّرْجِعُهُمْ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ ١٠٨
Ва ла тасуббу-л-лазӣна ядъуна мин дуниллаҳи фа ясуббуллоҳа ъадван би ғайри ъилм. Казалика зайянна ли кулли умматин ъамалаҳум сумма ила Раббиҳим-м марҷиъуҳум фа юнаббиуҳум би ма кану яъмалун.
Касонеро, ки мушрикон аз ғайри Аллоҳ парастиш мекунанд, дашном надиҳед. Пас, онҳо аз рӯйи душманӣ (ва аз) беилмӣ Аллоҳро дашном медиҳанд! Ҳамчунин дар назари ҳар гурӯҳ кирдорашонро зиннат додем. Сипас бозгашти онҳо ба сӯйи Парвардигорашон аст, пас, Ӯ онҳоро ба он чӣ, ки амал мекарданд, огоҳ кунад.
6:108