وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِۦ يَـٰقَوْمِ لِمَ تُؤْذُونَنِى وَقَد تَّعْلَمُونَ أَنِّى رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيْكُمْ ۖ فَلَمَّا زَاغُوٓا۟ أَزَاغَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمْ ۚ وَٱللَّهُ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلْفَـٰسِقِينَ ٥
Ва из қола Муса ли қавмиҳӣ йа қавми лима туъзунанӣ ва қа-т-таъламуна аннӣ расулуллоҳи илайкум. Фа ламма зағу азағаллоҳу қулубаҳум. Валлоҳу ла яҳди-л-қавма-л-фасиқӣн.
Ва (ба хотир ор) чун Мӯсо қавми худро гуфт: «Эй қавми ман, чаро ба ман озор мерасонед? Албатта, медонед, ки Аллоҳ маро ба сӯйи шумо фиристодааст». Пас, вақте ки каҷравӣ карданд, Худо дилҳои онҳоро каҷ сохт ва Худованд қавми бадкирдорро ҳидоят намекунад.
61:5