وَقَطَّعْنَـٰهُمُ ٱثْنَتَىْ عَشْرَةَ أَسْبَاطًا أُمَمًۭا ۚ وَأَوْحَيْنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ إِذِ ٱسْتَسْقَىٰهُ قَوْمُهُۥٓ أَنِ ٱضْرِب بِّعَصَاكَ ٱلْحَجَرَ ۖ فَٱنۢبَجَسَتْ مِنْهُ ٱثْنَتَا عَشْرَةَ عَيْنًۭا ۖ قَدْ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٍۢ مَّشْرَبَهُمْ ۚ وَظَلَّلْنَا عَلَيْهِمُ ٱلْغَمَـٰمَ وَأَنزَلْنَا عَلَيْهِمُ ٱلْمَنَّ وَٱلسَّلْوَىٰ ۖ كُلُوا۟ مِن طَيِّبَـٰتِ مَا رَزَقْنَـٰكُمْ ۚ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَـٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ ١٦٠
Ва қаттаънаҳум-уснатай ъашрата асбатан умама. Ва авҳайна ила Муса изиста-с-қоҳу қавмуҳу аниЗриб-б би ъасака-л-ҳаҷар. Фанбаҷасат минҳусната ъашрата ъайна. Қад ъалима куллу унаси-м машрабаҳум. Ва заллална ъалайҳиму-л-ғамама ва анзална ъалайҳиму-л манна ва-с-салва кулу мин таййибати ма разақнакум. Ва ма заламуна ва лакин кану анфусаҳум язлимун.
Ва бани Исроилро ба дувоздаҳ гурӯҳ (қабила) тақсим кардем ва вақто ки қавми вай аз ӯ об хостанд, ба сӯйи Мӯсо ваҳй фиристодем ин ки бо асои худ сангро бизан. Пас, аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Дарҳақиқат, ҳар гурӯҳе обхӯри худро донистанд. Ва абрро бар онҳо соябон сохтем ва бар онҳо «манн» ва «салворо» нозил намудем (гуфтем): аз покизаҳои он чӣ шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред. Ва бар Мо ситам накарданд, валекин бар худашон ситам карданд.
7:160