وَإِنِّى كُلَّمَا دَعَوْتُهُمْ لِتَغْفِرَ لَهُمْ جَعَلُوٓا۟ أَصَـٰبِعَهُمْ فِىٓ ءَاذَانِهِمْ وَٱسْتَغْشَوْا۟ ثِيَابَهُمْ وَأَصَرُّوا۟ وَٱسْتَكْبَرُوا۟ ٱسْتِكْبَارًۭا ٧
Ва иннӣ кулла ма даъавтуҳум ли тағфира лаҳум ҷаъалу асабиъаҳум фи азаниҳим вастағшав сийабаҳум ва асарру вастакбарустикбаро.
Ва ҳар боре ман онҳоро даъват намудам, то Ту онҳоро омурзиш кунӣ, ангуштонашонро дар гӯшҳояшон ниҳоданд ва бо ҷомаҳояшон худро печониданд ва дар куфр мудовамат карданд ва сахт кибр варзиданд.
71:7