← Бозгашт
18px
20
Ал-Аҳад
اَلاَحَدُ
Якка ва ягона аст, ҳаммислу монанд надорад, оне ки бо сифатҳои камолу ҷалолу ҷамол ва ғайра ягона аст, дар ягон сифаташ ҳаммислу монанд надорад.
Беҳтарин амал дар ин дунё Аллоҳро якка ва ягона эътиқод карда, ба Ӯ касе ё чизеро шарик наовардан аст. Инро тавҳид меноманд.
Дар Қуръони карим ин ном 1 маротиба зикр шудааст.
“Бигӯ: «Ӯст Аллоҳи якто»”. Сураи Ихлос, ояти 1.
Номи Абдулаҳад барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои нек буда, номи Аҳад ҷоиз нест.