Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
19

Ал-Борӣ

الْبَارِئُ

Пайдокунандаи ҷисмҳо ва зотҳо.

Борӣ – оне, ки халқро бо қудраташ пайдо кард.

Шавконӣ гуфт: «Борӣ яъне Холиқ. Ҳамчунин омадааст ки, Борӣ ба маънои мубдеъ аст».

Мубдеъ – эҷодкунандаи чизи нав, ки аз дигарон намуна ва сармашқ нагирифта бошад, навофарин.

Фарқ миёни номҳои Холиқ ва Борӣ дар чист?

Хаттобӣ гуфт: «Борӣ ба маънои Холиқ, офаридгор аст. Вале Борӣ бештар ба маънои офаридани ҳайвонот меояд. Аммо Холиқ номи умумӣ аст, ҳамаи махлуқотро дар бар мегирад, аз ҷумла осмонҳову заминҳо, кӯҳу дарёҳо ва ғайра».

Ин ном се маротиба дар Қуръон зикр шудааст.

Номи Абдулборӣ барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои нек аст. Аммо Борӣ ном гузоштан ҷоиз нест.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 59:24
19 / 99