Аш-Шофӣ
Офиятдиҳанда аз бемориҳо.
Шофӣ - шифодиҳанда, ба тамоми бемориҳо шифо мебахшад, чӣ бемориҳои руҳӣ, қалбӣ ва ё баданӣ. Аллоҳ таоло худ махлуқотро офаридааст ва онҳоро бо илми худ иҳота кардааст. Агар бемор шуданд, бо хости Аллоҳ бемор мешаванд ва Аллоҳ аз дарди онҳо бохабар аст. Шифои ҳамаи дардҳоро медонад ва ба шифои ҳама дардҳо қодир аст. Паёмбар ﷺ гуфтанд:
«Эй Аллоҳ, ту Шофӣ ҳастӣ, ғайри ту дигар шифодиҳандае нест». Ривояти Муслим.
Бемор ба кадом сабабе шифо ёбад, ин шифо аз ҷониби Аллоҳ аст. Эй Шофӣ, ба тамоми бемориҳои руҳӣ ва қалбӣ ва бадание, ки дорем, шифои оҷил насиб гардон! Паёмбар ﷺ гуфтанд:
«Тарсро бибар, Парвардигори мардум, шифо деҳ ва Ту шифодиҳанда ҳастӣ». Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Номи Абдушшофӣ барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои нек аст. Вале номи Шофӣ номидани кӯдак ҷоиз нест, чун ин ном хосси Аллоҳ таоло аст.