Ал-Мусаввир
Таркибкунандаи халқ дар ҳайъатҳои гуногун.
Мусаввир ба маънои сураткаш, наққош меояд. Ба ҳар махлуқ бо ҳикматаш сурати муносиб медиҳад.
Дар кадом сурате, ки хост бандагону махлуқоташро офарид. Аммо инсонро дар беҳтарин сурат офарид. Аллоҳ мефармояд:
«Ба таҳқиқ, Мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем». Сураи Тин, ояти 4.
«Осмонҳову заминро барҳақ биёфарид ва шуморо тасвир кард ва некӯ тасвир кард. Ва бозгашти ҳама ба сӯи ӯст». Сураи Тағобун, ояти 3.
Лоиҳаи ҳар як махлуқро бе машварат ва ёрии касе худ кашид ва офарид.
Аллоҳ мефармояд:
«Пас пурбаракоту бузургвор аст он худое ки беҳтарини офаринандагон аст». Сураи Мӯъминун, ояти 14.
Ҳазрати Саъдӣ дар Бӯстонаш назме дорад:
Диҳад нутфаро сурате чун парӣ,
Кӣ кардаст бар об суратгарӣ?
Касе сурати ҷондор мисли инсон ё ҳайвон кашад, ё ҳайкалашро созад, рӯзи қиёмат Аллоҳ таоло барояш мегӯяд: «Мисли ман офаридӣ, акнун ба он ҷон бахш». Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадисҳои рақами 5950, 5953, 5954 ва 5957.
Номи Мусаввир як маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Номи Абдулмусаввир аз ҷумлаи номҳои нек аст.