Ал-Ғанӣ
Аллоҳ ба касе дар чизе ҳоҷат надорад ва ҳама ба Ӯ муҳтоҷанд. Ба тоату ибодати бандаҳо ҳоҷат надорад. Агар ҳама гуноҳ кунанд, як зарра мулкаш кам намешавад ва агар ҳама солеҳу итоаткор бошанд, як зарра мулкаш зиёд намешавад.
Бой ва беҳоҷат аст. Дар ҳадис омадаааст:
«Агар тамоми инсонҳо аз Одам алайҳиссалом то охирин лаҳзаи дунё инсони ба дунё омада ҳама якҷоя, инсонҳо ва ҷинҳо, ба як саҳрои ҳамвор ҷамъ шаванд ва ҳар яки онҳо ҳоҷатҳо ва хоҳишҳои худро аз Аллоҳи Ғанӣ бипурсанд, сипас Аллоҳ талаби ҳамаро ба пуррагӣ иҷро кунад, аз мулкаш чизе кам намешавад, магар он қадре ки сузан аз баҳр кам мекунад». Саҳеҳ Муслим.
Аллоҳ таоло худ Ғанӣ аст, дигарҳоро ғанӣ мегардонад. Касеро хоҳад бой мегардонад, касеро хоҳад беҳоҷат мегардонад, ин сифати Аллоҳ аст.
Пас ҳоҷати худро танҳо аз зоти Ғанӣ бипурсед!
Ин ном дар Қуръон 18 маротиба зикр шудааст.
Номи Абдулғанӣ барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои нек аст. Агар касе Ғанӣ ҳам ном гузорад, ҷоиз аст.