Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
15

Ал-Халлоқ

الْخَلَّاقُ

Халлоқ – сиғаи муболиғаи номи Холиқ, яъне бисёр офаранда аст. Дар ҳақиқат адади махлуқоти Аллоҳро шуморида намешавад.

Махлуқоте дорад, ки ба чашм намоён ва аз чашм пинҳон ҳастанд, монанди ҷинну фаришта ва Аршу Курсӣ, ҷаннату дӯзах ва ғайра.

Махлуқоти бузурге монанди осмон ва махлуқоти хурде монанди хомӯшаку мӯрча офаридааст. Баъзе махлуқоте дорад, ки аз хурдии он ба чашм ноаён аст. Махлуқоти обӣ ва хушкӣ, чӣ паррандаву чӣ хазандаву чӣ ашёи беҷонро офаридааст.

Халлоқ махлуқотро бо сифати хеле баланд офаридааст. Ин ду оятро тарҷума мекунем, ботаммул хонед!

«Аллоҳ аст, ки шуморо офарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки ба Аллоҳ шарик месозед, ҳеҷ аз ин корҳоро метавонанд? Пок аст Ӯ аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, ва бартар аст». Сураи Рум, ояти 40.

«Оё он, ки меофарад, монанди касест, ки намеофарад? Оё панд намегиред?» Сураи Наҳл ояти 17.

Парвардигоро, мо туро ба адади махлуқонат ҳамду ситоиш мегӯем.

Ин ном ду маротиба дар Қуръон зикр шудааст.

Ҷуз Аллоҳ касеро Халлоқ ном гузоштан дуруст нест, балки Абдулхаллоқ номида шавад.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 15:86📖 36:81
15 / 99