Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
14

Ал-Холиқ

الْخَالِقُ

Пайдокунандаи чизҳо пас аз он, ки вуҷуд надошт. Холиқ – созанда, халқкунанда, офаранда, эҷодкунанда.

Холиқ тамоми махлуқотро офарида аст, ҷуз Аллоҳ таоло ҳама махлуқ аст.

Аллоҳ таоло махлуқотро офарид. Пеш аз офариданаш дар ин олам ҷуз Аллоҳ чизе набуд. Аввалин махлуқе, ки офарид, об аст. Сипас Аршро офарид.

Аллоҳ офаринандаи нахустбор аст, аз Аллоҳи Холиқ пештар касе чизе наофаридааст, чун касе ва чизе набуд. Аллоҳ бемисоли собиқ ҳамаро офарид, яъне ягон халқашро аз каси дигар нусхабардорӣ накардааст ё дар сохтан ба он монанду тақлид накардааст. Холиқ эҷодкунандаи чизи нав аст, ки аз дигарон намуна ва сармашқ нагирифта аст.

Ба ҳар махлуқ бо тааммулу тафаккур нигоҳ кунед, бузургии Холиқи онро дарк мекунед, хоҳ ба осмон назар кунед, хоҳ ба об, хоҳ ба занбӯри асал, хоҳ ба сохти инсон ва ғайра.

Ин ном дар Қуръон 8 маротиба зикр шудааст.

Гузоштани номи Холиқ ба фарзанд ҷоиз нест. Ин номи хосси Аллоҳ аст, балки Абдулхолиқ бояд номид.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 6:102📖 13:16📖 39:62📖 40:62📖 59:24
14 / 99