Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
13

Ал-Ваҳҳоб

الْوَهَّابُ

Ваҳҳоб – сиғаи муболиғаи диҳанда, бисёр бахшанда, саховатманд, ҳимматбаланд, бисёр васеъ атокунандаи ҳадяҳо ва туҳфаҳо.

Ваҳҳоб аз калимаи «ҳибаҳ» гирифта шуда, зоте аст, ки аз ибтидо аз фазлу карамаш бе ивазу муқобил ато мекунад.

Агарчи банда сазовори ато нест, ё худ ягон амали хайре надорад, ки сазовори мукофот бошад ва агарчи аз Аллоҳ таоло дуо ҳам накардааст, Ваҳҳоб зотест, ки ато мекунад.

Ваҳҳоб зотест, ки бо фазлу карам ато мекунад, на ҳамчун мукофот ё бар ивази кори хайре. Ҳоҷатҳоро бидуни суол медиҳад, неъмати доим ато мекунад. Ваҳҳоб - зотест, ки бемаҳдуду васеъ ва беивазу ғараз ва бе сабаб ато намуда, ҳоҷати бандаро бидуни суол, на аз моли бегонагон, балки танҳо аз мулку халқи худ медиҳад. Соҳиби неъмати бисёр буда, бардавом ато мекунад, мунтазири посух ё ягон навъи иваз нест. Ҳатто агар аз шахсе ба шумо як ҳадяе расид, бидонед, ки ин шахс танҳо сабаб аст ва диҳандаи ҳақиқӣ Аллоҳи Ваҳҳоб аст. Чуноне ки Паёмбар ﷺ фармудаанд:

«Албатта ман танҳо тақсимкунанда ҳастам ва Аллоҳ диҳанда аст». Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Ваҳҳоб новобаста аз итоаткор ё гунаҳкор будани бандаҳо бо некиву саховату карамаш тамоми коинотро фаро гирифтааст. Дар ҳоле ки Қорун аз душманони Аллоҳ буд, ба Қорун чунон мулке ато кард, ки калиди хазинаҳои мулкашро даҳҳо мардҳои пурқувват бардошта наметавонистанд. Агар калидҳояш ин қадар вазн доштанд, пас худи мулки Қорун чӣ қадр вазн доштанд бошад. Ё Фиръавне, ки худро худо эълон карда буд, чӣ қадар Аллоҳ таоло ба Ӯ мулки бузург дода буд.

Румӣ мегуяд:

"Дод мар Фиръавнро сад мулку мол,

То бикард ӯ даъвои иззу ҷалол.

Дод ӯро ҷумла мулки ин ҷаҳон,

Ҳақ надодаш дарду ранҷу андуҳон."

Ваҳҳоб барои касе чизе хоҳад, мебахшад, аз ҷумла ҳидоят, илм, хушбахтӣ, ризқ, шифо, фарзанд, ҳамсар ва ғайра. Ҳатто ҳавое, ки нафас мекашем ва обе, ки менӯшем, ҳама доду атои Ваҳҳоб аст.

Хазинаҳои осмонҳову заминҳо дар дасти Ӯст. Ба баъзе паёмбаронаш, чун ҳазрати Иброҳиму Закариё алайҳимуссалоту васалом дар пиронсолӣ фарзанд ато кард.

Дар Қуръони карим номи Ваҳҳоб 3 маротиба зикр шудааст. Дуои ҳазрати Сулаймон алайҳиссаломро ба хотир оред:

«Парвардигоро маро мағфират бинмо! Ва бароям чунон мулке ато кун, ки пас аз ман ба ҳеҷ касе чунин мулк надода бошӣ, албатта ту Ваҳҳоб ҳастӣ». Сураи Сод, ояти 35.

Натиҷаи дуоро бубинед! Пас аз ин дуо Аллоҳ таоло барояшон шамолу ҷинро омода кард. Ҷинҳо ҳазрати Сулаймонро итоат мекарданд. Ҷинҳо бо фармони ҳазрати Сулаймон қасру биноҳо, ҳатто шаҳрҳо бино мекарданд. Баъзе ҷинҳоро ба сохтани бинои Байтулмуқаддас вазифадор карда буданд.

Ҳамчунин ҷинҳо ба қаъри баҳрҳо ғӯта зада, барои ҳазрати Сулаймон гавҳарҳои қиматбаҳо, монанди марвориду марҷон ва дурру гуҳар ва сангҳои гаронарзиш ҷамъ мекарданд.

Агар ҷинҳо аз фармони ҳазрати Сулаймон сарпечӣ кунанд, онҳоро бо занҷир мебастанд.

Мулки дигаре, ки Аллоҳи Ваҳҳоб ба ҳазрати Сулаймон ато кард, чашмаи мис буд. Аз замин мис ҳамчу об фаввора мезад. Ба қавле ҳамаи миси ҷаҳон, ки имрӯз вуҷуд дорад, аз ҳамон миси чашмаи ҳазрати Сулаймон алайҳиссалом пайдо шудааст. Илова бар ин, Аллоҳ ба ҳазрати Сулаймон неъматҳои бешумор ва мулки азиме дод. Ин мисоле барои сифати Ваҳҳоби Аллоҳ аст.

Аллоҳ таоло одоби дуо аз Ваҳҳобро таълим додааст:

«Парвардигоро! Пас аз ин ки моро ба роҳи рост ҳидоят кардӣ, қалби моро гумроҳ магардон! Ва барои мо аз ҷониби худат меҳрубонӣ ато бинмо, албатта ту Ваҳҳоб ҳастӣ». Сураи Оли Имрон, ояти 8.

Аллоҳ таоло Ваҳҳоб аст, ҳадякунандагону саховатмандонро дӯст медорад. Хусусан касеро, ки беғараз ҳадя ва ато медиҳад. Ҳамаи ниёз ва дархостҳои худро аз Аллоҳи Ваҳҳоб бихоҳед, на аз ғайри Ӯ. Ҳаргиз ба ҷодугару фолбину дигар махлуқот рӯй наоред, албатта Аллоҳ таоло худ беҳоҷату кариму саховатманду Ваҳҳоб аст.

Гузоштани номи Ваҳҳоб ба кӯдакон манъ аст. Ин ном хосси Аллоҳ аст, балки Абдулваҳҳоб бояд номид.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 3:8📖 38:9📖 38:35
13 / 99