Ал-Қайюм
Қоим ба нафсаш буда, ғайри Ӯ танҳо бо Ӯ қоим аст.
Қайюм – доимо ба идораи халқ қоим аст. Қоим ба маънои пойдор, устувор аст. Чунон устувор аст, ки хоб ё ғанаб намекунад. Аллоҳ ба нафси худ қоим аст, ва ба ҳеҷ кас ё ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорад. Баръакс ҳама ба Ӯ таоло эҳтиёҷ доранд, тамоми махлуқот бо Аллоҳ қоим ҳастанд, на худашон. Осмонҳо ва заминҳоро аз афтидан нигоҳ медорад. Ҳамин гуна ҳама махлуқот ба Аллоҳ муҳтоҷанд.
Қайюмияти Аллоҳ доимӣ ҳаст, муваққатӣ нест. Бинобар ин ҳамагӣ се маротиба дар Қуръони карим ин ном омадааст ва ҳар се маротиба бо номи Ал-Ҳай якҷо омадааст.
Касе «Ё Ҳайю ё Қайюм» гӯён дуо мекунад, албатта қабул мешавад.
Ба зоте, ки қоим ба амри халқ аст, корҳои худро супоред, Ӯ беҳтарин тадбиркунанда аст. Ҳоҷатҳои худро аз Ӯ пурсед! Аллоҳ ҳамеша қоим аст, шуморо мешунавад ва мебинад.
Қайюм номидани кӯдакон ҷоиз нест. Чун ин ном хосси Аллоҳ аст, балки Абдулқайюм бояд номид.