Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
11

Ал-Ҳай

الْحَيُّ

Аллоҳ зинда аст, ҳаёташ доимӣ ва ҳаёти комил, ҳаёти пок аз айбу нуқсон аст. Ҳаёти Ӯ аввалу охир надорад. Аз азал зинда ҳаст ва ҳамеша зинда аст. Мурдан надорад, ба хилофи дигар махлуқон, ки ҳама мемиранд. Доим аст, ки ҳеҷ гоҳ намемирад. Ин ном яке аз бузургтарин номҳои Аллоҳ аст, агар бузургтарин ном набошад, чун ҳама номҳо ва сифатҳои Аллоҳ ба зинда будани Ӯ вобастагӣ доранд. Зоте, ки дорои чунин сифат аст, сазовор аст, ки банда танҳо ба Ӯ такя ва таваккал кунад, чун ҳамеша зинда аст. Аммо дигар шоҳу султонҳо ва бузургҳо мемиранд. Тоғутҳо мемиранд, ҷинну инс мемиранд. Пас ҳамеша ба зоти зинда таваккал кунед! Аз Ӯ ёрӣ ва мадад бипурсед! Якка ягона Ӯро ибодату парастиш кунед!

Номи Абдулҳай барои писарҳо яке аз беҳтарин номҳост.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 2:255📖 3:2📖 25:58📖 40:65
11 / 99