Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
10

Ас-Самад

الصَّمَدُ

Самад - бениёз, беҳоҷат. Сайиде, ки дар тамоми сифатҳояш комил аст. Ӯро халқ дар қазои ҳамаи ҳоҷатҳояшон қасд мекунанд, яъне ба суи Ӯ таваҷҷуҳ мекунанд.

Самад аз ҷумлаи номҳои зебост, ки далолат ба якчанд сифат мекунад, на ба як сифат. Аллоҳ Сайид, яъне сарвари бузург аст. Аллоҳ дар илм, ҳикмат, ҳилм, қудрату иззат ва дар ҳамаи сифатҳояш сайиди бузург аст.

Самад – қасд. Махлуқон дар ибодату тавҳид Ӯро қасд мекунад. Алалхусус дар ҳолатҳои сахтӣ рӯй ба сӯи Аллоҳ меоранд.

Самад - ғанӣ, яъне беҳоҷат, бениёз. Зотест, ки касе аз Ӯ боло нест. Аллоҳ аз ҳама чиз бениёз аст, яъне ба чизе чун таому шароб, фарзанду ҳамсар, ёру рафиқ ниёзе надорад.

Дар Қуръони карим як маротиба зикр шудааст:

«Аллоҳ Самад аст». Сураи Ихлос, ояти 2.

Ҳоҷату дархостҳои худро танҳо аз Самад пурсед, шуморо беҳоҷат мекунад.

Абдуссамад барои писарҳо яке аз беҳтарин номҳост. Аммо гузоштани номи Самад дуруст нест.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 112:2
10 / 99