← Бозгашт
18px
9
Ар-Раззоқ
الرَّزَّاقُ
Аз ҷумлаи номҳои зебои Аллоҳ Раззоқ, яъне бисёр рӯзидиҳанда аст. Раззоқ сиғаи муболиғаи ризқдиҳанда буда, бар бисёрии ризқи Ӯ ба халқаш далолат мекунад. Ризқдиҳандаи тамоми махлуқот дар осмону замин, хушкиву баҳр аст. Кафили ризқи ом барои ҳамаи махлуқот аст. Аллоҳ дар сураи Ҳуд, ояти 6 мефармояд: «Ҳар чорпое ки дар рӯи замин ҳаст, ризқаш бар Аллоҳ аст». Ин ризқи ом аст. Аммо ризқи хос бар мӯъминон аз қабили ҳидоят, илми манфиатнок, фаҳму ҳикматро дар бар мегирад.
Аллоҳ таоло мефармояд: «Албатта Аллоҳ аст бисёр рӯзидиҳанда. Ва соҳиби нерӯӣ сахт устувор». Сураи Зориёт, ояти 58.
Барои писарҳо Абдурраззоқ яке аз беҳтарин номҳост. Аммо Раззоқ дуруст нест, чун Раззоқ танҳо Аллоҳ таоло аст.