← Бозгашт
18px
23
Ал-Акрам
الأَكْرَمُ
Акрам – тамоми намудҳои хайру шарафу фазоилро ҷамъ кардааст.
Аз гуноҳҳои бандагонаш гузашт мекунад, агарчи бисёр бошад. Балки гоҳҳо агар банда тавба кунад, гуноҳҳои кардаашро ба тоатҳо ва ибодатҳо табдил медиҳад. Аз карами Ӯ, вақте банда даст ба дуо бардорад, шарм медорад, ки дасташро холӣ баргардонад.
Ин ном дар як мавзеъи Қуръон омадаст: «Бихон! Ва Парвардигори ту каримтарин аст», яъне бағоят карим аст. Сураи Алақ, ояти 3.
Номи Абдулакрам барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои нек аст. Аммо номи Акрам аз рӯи одоб нест.